Ба иттилои хабарнигори ОИ «Азия-Плюс», дар шаҳр афзоиш ва тақвияти нерӯҳои низомӣ ба мушоҳида мерасад. Тибқи баъзе маълумот аз марказ ба Хоруғ боз якчанд автомашинаҳои бузург бо нерӯҳои таъиноти махсус сафарбар шуданд ва агар ҳамлаи дуюм сурат бигирад, он бузургмиқёс хоҳад буд.

Алҳол ба ҷуз гурӯҳи фаъолон, дар шаҳр гурӯҳи шахсоне ҳузур доранд, ки онҳо низ бо роҳбарони нерӯҳои сохторҳои қудратӣ ва ҷангиён оид ба пешгирӣ кардани ҳамла гуфтушунид мекунанд. Ҳамчунин гирдиҳамоиҳое, ки то ҳанӯз дар Хоруғ идома доранд, низ яке аз омилҳои боздорандаи ҳамла аст.

Чанде қабл хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дода буд, ки, мораторияи оташбас дар шаҳри Хоруғ то соати 12-и имрӯз дароз карда шуд. Ҳукуматдорон чун пешина таслимшавии гумонбаршудагон дар қатли генерал Абдулло Назаров ва супурдани аслиҳа аз ҷониби аъзои гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонуниро талаб доранд.

Субҳи имрӯз як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ хабар дода буд, ки мутобиқи мувофиқаи ҳосилшуда миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунии шаҳри Хоруғ, нимаи аввали имрӯз ҷангиёни гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ба супурдани аслиҳа шурӯъ мекунанд, вале то ҳанӯз маълумот дар бораи супурдани аслиҳа мавҷуд нест.

Ҳамчунин ҳукуматдрон тақозо карда буданд, ки то шоми дирӯз сангарҳое, ки дар як қатор маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ ва даромадгоҳ ба маркази маъмурии ВМКБ сохта шудаанд, бардошта шаванд.

Ҷангиён ва аксари сокинони шаҳр ба супурдани гунаҳкорон ба ҳукумат розианд, вале танҳо пас аз аз хориҷ кардани нерӯҳои низомӣ, бозпас хондани нишонзанҳо (снайперҳо) аз мавзеъҳои гуногуни шаҳр ва кӯҳи атрофи шаҳри Хоруғ.

Хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» узви комиссияи ҷамъиятиест, ки рӯзи 25-уми июл барои ошкор кардани шумори ҳалокшудагон миёни аҳолии осоишта таъсис дода шуд.

Тибқи маълумоти расмӣ, дар ҷараёни амалиёт 12 нафар кормандони сохторҳои қудратӣ ва 30 нафар ҷангиёни гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ҳалок ва боз 40 нафар аъзои дастаҳои ғайриқонунӣ боздошт шудаанд. Миёни аҳолӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои ғайрирасмӣ, шумори ҳалокшудагон миёни аҳолии осоиштаи шаҳри Хоруғ аз 20 то 30 нафарро ташкил медиҳад.

Хабарнигор ҳамчунин хабар дод, ки шахсони номаълум аз дасти аҳолӣ телефонҳои моҳвораиро мегиранд, ки ягона воситаи иртибот бо Хоруғ аст. Муайян кардани шахсияти ин афрод ва бо кадом мақсад аз дасти аҳолӣ гирифтани телефонҳои моҳвораӣ муяссар нашуд, зеро алоқа бо хабарнигор қатъ гардид.