Дар музофоти Бадахшони Афғонистон боздошти кормандони мақомоти қудратии ин кишвар, ки дар рӯйдодҳои ахири шаҳри Хоруғ даст доранд, идома дорад.

Бино ба иттилои радиои «Озодӣ», дар вулусволии Баҳораки Бадахшони Афғонистон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон боз се нафар қумандонҳои сатҳҳои гуногунро боздошт намудаанд.

«Боздоштшудагон дар мусоидат ба гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ дар ВМКБ ва ҳамдастӣ ба қочоқи маводи мухаддир, сангҳои қиматбаҳо ва маснӯоти тамоку гумонбар дониста мешаванд», - таъкид мегардад дар иттилоъ.