Дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ ҷараёни ихтиёран супурдани аслиҳа ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  аз ҷониби аҳолӣ идома дорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод, рӯзи 31-уми июл як гурӯҳи калони ҷавонон миқдори зиёди асдиҳаву муҳимотро ба мақомот супурдаанд. Дар бораи миқдори дақиқи аслиҳаву муҳимот маълумот дода намешавад.

«Асосан навъҳои гуногуни автоматҳои Калашников, таппонча, пулемёт, норинҷакафкан ва норинҷакҳо супурда шуданд», - гуфт ӯ.