Муовини вазири мудофиаи Русия Анатолий Антонов рӯзи 9-уми август ба Тоҷикистон сафари корӣ анҷом медиҳад, - иттилоъ медиҳад хабаргузории CA-News бо истинод ба як сарчашма аз доираҳои низомиву дипломатӣ.

«Муовини вазир мудофиаи Русия Анатолий Антонов, ки масъули робитаҳои байнулмилалӣ аст, санаи 9-уми август ба Душанбе ташриф меорад», - гуфтааст сарчашмаи хабаргузорӣ.

Ба иттилои манбаъ, муовини вазири мудофиаи Русия бо як зумра мансабдорони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дидору гуфтушунид хоҳад кард. Дар бораи дигар ҷузъиёти сафар маълумот дода намешавад.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистону Русия муддати чаҳор сол аст, ки доир ба масъалаи тамдиди муҳлати ҳузури пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар қаламрави Тоҷикистон гуфтушунид доранд.

Моҳи июли соли равон вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар робита ба ин масъала изҳор карда буд, ки гуфтушунидҳо перомуни ин масъала ба таври маъмулӣ ҷараён доранд, вале қаблан фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Русия Владимир Чиркин гуфта буд, Тоҷикистон дар масъалаи тамдиди ҳузури пойгоҳи низомӣ шартҳои ғайриқобили қабулро пеш гузоштааст.

Баъдтар вазири мудофиаи Русия Анатолий Сердюков изҳори боварӣ намуда буд, ки моҳи октябр Тоҷикистон ба имзои қарордод бо шартҳои пешина омода хоҳад буд.

ВАО иттилоъ дода буданд, ки Тоҷикистон барои ҳузури минбаъдаи пойгоҳи низомӣ «пардохти на камтар аз 250 млн. доолари ИМА-ро дархост кардааст». Кремл тамдиди ҳузури пойгоҳи низомӣ дар Тоҷикистонро ба муддати 49 соли минбаъда дар назар дорад.