Муовини вазири мудофиаи Русия Анатолий Антонов бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дошта, ба суолҳои рӯзноманигорон посух гуфт.

Дар робита ба масъалаи ҳузури минбаъдаи пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон Анатолий Антонов изҳор кард, ки гуфтушунид дар ин хусус муваффақона ҷараён дошта, ояндаи наздик матни созишнома омода мегардад, ки ба таъмини амнияти Тоҷикистону Русия ҷавобгӯ аст.

«Дар масъалаи мувофиқаи санади умумӣ мо ба комёбиҳои назаррас муваффақ шудем, зеро ин ҷо сухан на дар бораи фурӯши картошка ё банан меравад, балки ҳалли ин масъала ба таъмини амнияти ҳам Русияву ҳам Тоҷикистон рабт гирифта, пойгоҳи низомии мо як таркиби зербинои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва суботи минтақавӣ аст», - гуфт вай.

Ба гуфтаи ӯ, дур гуфтушунидҳо масъалаи нархи ҳузури пойгоҳи низомӣ матраҳ нашудааст. «Масъалаи пардохти маблағ барои ҳузури пойгоҳи низомӣ на дар мулоқот бо президенту на дар Вазорати мудофиа ва корҳои хориҷӣ умуман баррасӣ нагардид. Гуфтушунид савдо набуда, кӯшиши ҳалли мушкилот бо назардошти манфиатҳои ҳарду ҷониб мебошад», - таъкид кард А.Антонов.

Муовини вазири мудофиаи Русия изҳори умедворӣ намуд, ки гуфтушунидҳои ҷонибҳо оид ба фурудгоҳи «Айнӣ» низ муваффақона анҷом хоҳанд пазируфт. «Ман бар ин назарам, ки гуфтушунидҳо дар ин хусус на тавассути ВАО, балки бояд пушти дарҳои пӯшида сурат бигиранд», - иброз дошт ӯ.

Анатолий Антонов аз қарори Ӯзбекистон дар бораи хориҷ шудан аз СААД изҳори таассуф намуд. «Ман чунин мешуморам, ки дар ҳалли масъалаи таъмини амнияти дастаҷамъӣ иштироки ҳарчӣ бештари кишварҳо ба манфиати кор аст», - афзуд ӯ.