Сарфи назар аз ваъдаҳои мақомоти қудратӣ доир ба то рӯзи сешанбе хориҷ кардани нерӯҳои низомӣ аз шаҳри Хоруғ, то ҳанӯз ин масъала норавшан аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сарчашмаҳои муътамад маълум шуд, ин қарорро пас аз мулоқот бо намояндагони Созмони Оғо Хон оид ба рушд (AKDN) ва Бунёди Оғо Хон (AKF) бояд президент қабул кунад. Манбаъбаъҳо мегӯянд, вохӯрии сарвари давлат бо Мунир Миралӣ ва Ёдгор Файзов бояд имрӯз баргузор гардад, аммо дар Дастгоҳи иҷроияи президент ин иттилоъро алҳол тасдиқ намекунанд.

Тибқи баъзе маълумот, то анҷоми сафари президент ба ин минтақа ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои таҷлили ҷашни 80-солагии шаҳри Хоруг, ки ҳафтаи оняда дар назар аст, низомиён ба макони доимии будубош баргардонида намешаванд.

Айни замон танҳо як гурӯҳи начандон назарраси хизматчиёни Вазорати мудофиа шаҳрро тарк карда, воҳидҳои дигари мақомоти қудратӣ ва нишонзанҳо дар мавқеашон боқӣ мондаанд.

Тибқи мувофиқаи бадастомада миёни Гурӯҳи 20-нафарӣ ва мақомоти қудратӣ, шумори низомиён дар шаш посгоҳи назоратии шаҳр кам карда шуд. Ба ивази онҳо дар ҳамроҳӣ бо кормандони милиса ихтиёриён риояи тартибот дар шаҳрро назорат мекунанд. Посгоҳҳои низомиён танҳо дар мавззеҳои вуруд ба шаҳр боқӣ монда шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, роҳбарони мақомоти қудратӣ таслими қумондонҳои саҳроии Бадахшонро боисрор талаб доранд. Тибқи баъе маълумот, феълан бо онҳо гуфтушунид ҷараён дошта, вале ҳеҷ натиҷае ҳосил нашудааст.

Ба қавли манбаъҳо, вазири мудофиа Шералӣ Хайруллоев бо ҳар кадоме аз онҳо танҳо ба танҳо нияти гуфтушунид дошта, ин мақсадро изҳор карданӣ будааст.

Ёдрас мекунем, ки яке аз собиқ қумондонҳои саҳроӣ Толиб Айёмбеков ба ҳукуматдорон таслим шуд. Ҳамчунин ҳамроҳи ӯ боз ду нафари гумонбар ба қатли генерал Абдулло Назаров низ ба мақомот таслим шуданд.