Аввали моҳи сентябр дар шаҳри Хуҷанд бо ибтикори Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд ба муносибати 20-умин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон таҳти унвони «Сиёсати давлатӣ дар соҳаи мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм: вазъ ва дурнамо» конфронси илмиву амалӣ доир мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд Фирӯз Боқӣ хабар дод, дар кори конфронс намояндагони раёсату шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилии вилоят ва шаҳру навоҳиии кишвар, Академияи улум, макотиби олӣ, Маркази тадқиқоти стратегӣ, мақомоти қудратӣ, Кумитаи умури дин, Раёсати ҷавонон варзиш ва сайёҳии вилоят ва дигар мақомоти дахлдор ширкат хоҳанд варзид.

Ба гуфтаи вай, ҳадаф аз баргузории конфронс ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ дар муборизаи муштарак  бо ифротгароиву терроризм ва беҳбуди сатҳи тахассусии онҳо дар ин самт аст.

Бино ба маълумоти мақомоти додситонии вилояти Суғд, дар зарфи 6 моҳи соли равон нисбат ба 56 нафар узви фаъоли созмонҳои ифротгароӣ аз ҳисоби сокинони вилоят тафтишоти пешакӣ сурат гирифта, аз ин миқдор 54 нафар узви Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ва 2 нафар аъзои ҳизби «Ҳизб-ут-Таҳрир» мебошанд. Нисбат ба ин афрод 7 парвандаи ҷиноӣ боз гардида, он ба баррасии додгоҳ пешниҳод шудааст.

Ҳамчунин тибқи иттилои ҳамин мнбаъ, соли 2011 дар қаламрави минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 135 нафар аъзои фаъоли созмонҳои диниву ифротгарои фаъолияташон мамнӯъ ошкор гардида, нисбати онҳо 14 парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.