Дар назди додгоҳ 15 нафар ба гумони узвият ба созмони ифротгарои «Ҷамоати Ансоруллоҳ» ҷавоб мегӯянд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Суди олии Тоҷикистон хабар доданд, мурофиа пӯшида сурат гирифта, то содир шудани ҳукм аз ҷузъиёти он маълумот дода намешавад. Танҳо ҳаминаш маълум аст, ки аксари онҳо соли гузашта дар водии Рашт ҳангоми амалиёти махсус оид ба нобуд сохтани гурӯҳи Мулло Абдулло боздошт шуда буданд.

Бино ба маълумоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон, «Ҷамоати Ансоруллоҳ» шуъбаи тоҷикистонии Ҳаракати исломии Ӯзбекистон буда, аз ҷониби «Ал-Қоида» маблағгузорӣ мешавад.

Моҳи майи соли равон Кумитаи давлатии амнияти миллӣ изҳор дошта буд, ки аъзои ин гурӯҳ ба ҳодисаҳои Рашт дар моҳи сентябри соли 2010, содир намудани амали террористӣ дар назди бинои Шуъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории созмонёфтаи вилояти Суғд ва ҳамчунин кӯшишоти содир кардани як силсила амалҳои террористӣ дар шаҳри Душанбе даст доранд.

Ҳамчунин моҳи майи соли ҷорӣ Суди олии Тоҷикистон расман эълом дошт, ки фаъолияти гуруҳи «Ҷамоати Ансоруллоҳ» дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ карда мешавад. Зикр гардида буд, ин қарор бо мақсади ҳифзи сохти конститутсионӣ ва таъмини амнияти кишвар қабул шудааст. Ба Хадамоти алоқи кишвар супориш дода шуда буд, ки дастрасӣ ба ду веб-сомонаи созмон - www.irshod.net, www.irshod.com . –ро қатъ созад. Аммо сомонаи www.irshod.com бо забони тоҷикӣ то ҳанӯз дар қаламрави Тоҷикистон дастрас аст.

Бино ба маълумоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, дар Тоҷикистон дар давраи солҳои 2006-2012 фаъолияти созмону гурӯҳҳои «Ал-Қоида», «Ҳизб-ут-Таҳрир», Ҳаракати Толибон, ҲИӮ, «Ҷамоати Ансоруллоҳ» ва ғайра дар маҷмӯъ 12 гурӯҳ ҳамчун созмонҳои ифротгаро ва террористӣ мамнӯъ эълон шуд.