Имсол ҷашни навбатии солгарди итиқлоли Тоҷикистон бидуни гузашти низомӣ таҷлил мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, соли ҷорӣ гузашти маъмулии низомӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 21-умин солгарди истиқлоли ҷумҳурӣ бо иштироки ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа доир намегардад.

Ба гуфтаи ӯ, дар тамоми қисмҳои низомии вазорат ба ин муносибат мусобиқоти варзишӣ, консерту викторина ва озмунҳо доир гардида, пешсафони хизмати ҳарбӣ бо туҳфаҳо қадрдонӣ мегарданд.

«Ғайр аз ин, вохӯрии афсарону сарбозони артиши миллӣ бо собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар назар аст», - зикр кард Маҳмадалиев.