Дар Маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тренинг дар мавзӯи “Баргузории чорабиниҳои тактикӣ” оғоз шуд.

Тавре аз Маркази робита бо ҷомеаи АНМН хабар доданд, тренинги мазкур дар доираи Лоиҳаи Шӯрои НАТО-Россия оид ба омӯзиши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мегузарад ва аз ҷониби Намояндагии минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ амалӣ мешавад.

Дар ин курсҳо дар баробари кормандони Агентӣ инчунин мутахассисони дахлдори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок доранд.

Дар доираи тренинг кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар мавзӯъҳои баргузории чорабиниҳои гуногуни тактикӣ ва оперативӣ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъовар омӯзиш мегиранд, ҳамчунин масъалаҳои ҳамкориҳоро дар баргузории чорабиниҳои муштарак таҷриба мекунанд.

Тренинг аз ҷониби муаллимони Маркази таълимии пулиси миллии мубориза бо ҷинояткории муташаккилона ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири Ҷумҳурии Туркия гузаронида мешавад ва то 14 сентябри соли ҷорӣ идома мекунад.