Муовини аввали нахуствазири Русия Игор Шувалов шоми имрӯз ба Душанбе меояд.

Ба эътиқоди сиёсатшиноси маъруфи тоҷик Рустам Ҳайдаров, Игор Шувалов дар ҳукумати кунунии Русия ба масоили молиявӣ масъул буда, сафари дурӯзаи ӯ ба Тоҷикистон маънои онро дорад, ки шартномаи нави ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ба наздикӣ ба имзо мерасад.

Ба андешаи сиёсатшинос, президенти Русия Владимир Путин Шуваловро муваззаф кардааст, ки аз Тоҷикистон боздид намуда, бо мақомоти раҳбарии ҷумҳурӣ тарзи нави ҳамкориҳои низомӣ-техникӣ, энергетикӣ ва иқтисодиро мувофиқа созад.

Ҳайдаров хотиррасон намуд, ки нимаи моҳи августи соли равон дар арафаи имзои шартномаи ҳузури минбаъдаи низомиёни Русия дар Қирғизистон маҳз Шувалов ба ин кишвар сафар карда буд.

Он замон васоити ахбори умуми Русия иттилоъ дода буданд, ки ба Игор Шувалов муяссар гардид, тамоми масоили муносибатҳои дуҷониба бо кишвари ҳамсояро, ки тайи солҳои ахир нисбати онҳо ихтилофҳо ҷой доштанд, муваффақона ҳал намояд.

Ҳамчунин худи Шувалов низ дар Бишкек изҳор карда буд, ки президенти Русия ӯро вазифадор намудааст, ки «бидуни қарордодҳои мувофиқашуда барнагардад».