Прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода бо сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор дорад.

Тавре як манбаъ аз Прокуратураи генералӣ иттилоъ дод, рӯзи душанбе ӯ бо аҳолии ноҳияҳои Шуғнон, Роштқалъа, Ишкошим ва шаҳри Хоруғ як силсила мулоқотҳо анҷом дода, дар ҷараёни он далелҳои қонуншиканӣ дар қаламрави вилоят, рафти тафтиши онҳо ва ҳамкории аҳолӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳлилу баррасӣ шуданд.

«Дар вохӯрӣ Ш.Салимзода аз далелҳои мушаххаси ҷиноятҳое, ки аз ҷониби аъзои гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ дар қаламрави вилоят содир шудааст, сухан гуфт. Ӯ бо таассуф изҳор намуд, ки ҳолатҳое ҷой доранд, ки қишри ҷудогонаи аҳолӣ ба пинҳон гардидани  қонуншиканиҳо мусоидат мекунанд», - гуфт манбаъ.

Дар робита ба ин, прокурори генералӣ ба прокуророни шаҳру навоҳии вилоят супориш дод, ки равобит бо аҳолиро бештар мустаҳкам намоянд.