Сокинони маҳаллӣ субҳи 9-уми ноябр ба сохторҳои қудратии Тоҷикистон дар бораи мушоҳидаи шахсони шубҳаноки мусаллаҳи сиёҳпӯш дар дараи Ширкенти шаҳри Турсунзода хабар доданд. Ва оғоз шуд...
Сохторҳои қудратии Тоҷикистон дар вокуниш ба маълумоти расида фавран ба Турсунзода нерӯ ва воситаҳои иловагӣ, аз ҷумла, чархболҳо ва техникаи зиреҳпӯшро сафарбар карданд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз бахши қудратии ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ дод.
“Пас аз расидани ин маълумот дар роҳи мошингарди Душанбе - Турсунзода постгоҳҳои кормандони сохторҳои қудратӣ гузошта шуда, чархболҳо мавзеи кӯҳистонро таҳти назорат гирифтанд. Дар натиҷа маълум шуд, он шахсоне, ки маълумотро дар бораи “одамони сиёҳпӯши шубҳаноки мусаллаҳ” ба Душанбе расониданд, шикорчиёни маҳаллиро тахрибкорони эҳтимолӣ пиндоштаанд”, - гуфт манбаи “Азия-Плюс”.
Ба гуфтаи ӯ, дар бораи баргузории тадбирҳои фаврӣ дар минтақаи наздисарҳадӣ саривақт ҷониби Ӯзбекистон огоҳонида шуд.
“Баъд аз чанде ҳамаи постгоҳҳои иловагӣ дар роҳи Турсунзода - Душанбе баргирифта шуда, нерӯ ва воситаҳои иловагии сохторҳои қудратӣ ба қароргоҳи доимиашон баргаштанд”, - хабар дод манбаъ.
Таъкид шуд, ки дидбонгоҳи назоратии “Дӯстӣ”-и шаҳри Турсунзода дар сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳангоми баргузории тадбирҳои махсус баста нашуда, айни замон ҳамаи 17 гузаргоҳ дар марзи кишварҳо бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият доранд.
Шаби 6-уми ноябр ба дидбонгоҳи сарҳадии №4 “Ишқобод”-и дастаи сарҳадии “Султонобод дар наздикии марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон, 60 километр дуртар аз Душанбе ҳамлаи мусаллаҳона сурат пазируфт.
Дар ҷараёни амалиёти махсуси сохторҳои қудратии Тоҷикистон 15 нафар ҳамлаварон кушта ва 5 тан аз онҳо боздошт шуданд.
Ҳамчунин дар ҷараёни амалиёти махсус 6 хизматчии ҳарбӣ, аз ҷумла, 1 корманди милитсия ва 5 марзбон ба ҳалокат расиданд. Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) ба уҳда гирифт.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста