Нақшаи даъват ба хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон то ба имрӯз 86% ба иҷро расидааст.

Маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 1-уми октябр оғоз шуда, то 30-юми ноябр давом меёбад.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Душанбе охири моҳи октябр аз пурра ба иҷро расидани нақша хабар дода буданд. Дар ин бора Вазорати мудофиаи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

“Нақшаи даъват дар вилояти Хатлон – 89%, вилояти Суғд – 90% ва ноҳияҳои тобеи марказ – 88% ба иҷро расид”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, подполковник Ориф Нозимиён.

Бино ба маълумоти ин вазорат, ҳамасола ба хизмат дар Қувваҳои мусаллаҳи кишвар шаҳрвандони синни аз 18 то 27-сола, ки ба таъхири муҳлати хизмат ё озод будан аз хизмати ҳарбӣ ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд.

Комиссияи ҷумҳуриявиро оид ба ташкили даъвати тирамоҳӣ муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим роҳбарӣ мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.