Имрӯз ҳамаи роҳҳои мошингард ба минтақаҳои Тоҷикистон барои ҳаракати нақлиёт боз аст: рӯзҳои истироҳат шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд аз тарма ва барф тоза карда шуд.

Рӯзҳои наздик дар роҳҳои минтақаи кӯҳистони ҷумҳурӣ хавфи тармафароӣ ва сангреза боқӣ мемонад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, барои таъмини бехатарии ронандагону мусофирон ва расонидани кумаки зарурии фаврӣ ба онҳо, қитъаҳои гуногуни роҳ аз ҷониби наҷотбахшони гурӯҳҳои зудамали КҲФ ва МГ Тоҷикистон мунтазам зери назорат қарор дорад.

Дар ин робита Кумита бори дигар аз аҳолӣ боисрор дархост мекунад, аз сафар тариқи роҳҳое, ки хавфи тармафароӣ дар онҳо вуҷуд дорад, худдорӣ варзанд ва ҳушёру боэҳтиёт бошанд.

Дар сурати ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулода ё ягон ҳодисаи нохуш дар роҳҳо, шаҳрвандон метавонанд ба телефонҳои навбатдори фаврии КҲФ муроҷиат кунанд: 93 880 28 19; 221-91-19 ва 223-13-11.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.