Эрон силсилаи дуюми зарбаҳои мушакиро ба иншооти ҳарбии ИМА дар Ироқ анҷом дод. Дар ин бора хабаргузории эронии Tasnim иттилоъ дода, акси партоби яке аз мушакҳоро нашр кардааст.

Тавре Лента. ру менависад, ба кадом ҳадафҳо ин дафъа мушакҳо партоб шудаанд, алҳол номаълум аст.

Маълумот дар бораи талафоти ҷонӣ ва харобиҳо айни замон дастрас нест. Сабти видеои зарбаи мушакӣ ба пойгоҳи низомии авиатсионии ИМА дар twitter-аккаунти шабакаи телевизионии эронии Press TV гузошта шудааст.

Вазорати дифои ИМА зарбаҳои мушкиро ба ду иншоот дар қаламрави Ироқ, ки низомиёни армикоӣ аз он истифода мекунанд, тасдиқ кардааст. Ин пойгоҳи низомии авиатсионии Айн-ул-Асад дар ғарби кишвар ва фурудгоҳ дар Арбил мебошанд. Зимни ҳамла мушакҳои баллистикӣ ба кор бурда шудааст.

Бино ба маълумоти Sky News Arabia, ба пойгоҳи низомии ҳавоии ИМА, ки дар он хизматчиёни ҳарбии амрикоӣ мустақаранд, 9 мушак партоб шудааст.

Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифтааст.

Ба иттилои Эхо Москвы, аз ин зарба раҳбарияти ИМА огоҳ шуда, Трамп ваъда додааст, ки субҳи 8-уми январ доир ба масоили Эрон изҳори назар мекунад.

“Ҳамааш хуб аст! Мушакҳо аз Эрон ба ду пойгоҳи низомии мустақар дар Ироқ партоб шуданд. Айни замон талафоту зарар арзёбӣ мешавад”, - навиштааст Трамп дар Твиттер.

“Бешубҳа, дар ҳама гуна нуқтаи ҷаҳон низомиёни мо пуриқтидортарин ва муҷаҳҳазтаринанд”, - илова кардааст ӯ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.