Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар аз хатари фаромандани тарма ва резиши санг дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ огоҳ мекунад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, дар натиҷаи ҳавои тағйирёбанда ва коҳиши ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи марказ, қисмати ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор, роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Лахш, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Душанбе-Хоруғ, Ванҷ-Хоруғ, Рӯшон-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб хатари лағзиши тарма ва резиши санг боқӣ мемонад.

“Дар ҳамин иртибот Кумита бори дигар бо эҳтиром аз аҳолӣ хоҳиш мекунад аз сафарҳои безарурат, сайру саёҳат ба минтақаҳои хатарнок ва ғунучини ҳезум, алафҳои дорувор ва шикор худдорӣ кунанд, - омадааст дар огоҳӣ. - Ронандагон бояд ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ва ё минтақаҳои тармарез фасилаи муайяншуда байни мошинҳоро риоя намоянд. Хеле эҳтиёткор бошед ва мошини худро дар ин гуна роҳҳо оҳиста ронед”.

КҲФ аз аҳолии манотиқи наздикӯҳӣ ва кӯҳӣ аз назар гузаронидани бомҳои хонаҳояшонро дархост карда, ба соҳибони биноҳои якошёна тавсия додаааст, ки сари вақт бомҳои худро аз ғарами барф тоза кунанд ва онро бехатар гардонанд.

“Падару модарони муҳтарам! Бахусус, онҳое, ки дар минтақаҳои тармазо ҳаёт ба сар мебаранд. Кӯшиш кунед, бачаҳои худро беназорат нагузоред. Агар онҳоро ба мактаб ва ё бозӣ танҳо мефиристед, аввал аз хатари эҳтимолии лағзиши тарма ва резиши санг огоҳ созед, ҳамроҳашон дар атрофи ин мавзӯъ бештар суҳбат кунед, то эҳтиёткору дурандеш бошанд. Ҳаёти худ ва атрофиёнро дар хатар наандозед”, - муроҷиат кардааст Кумита.

Зимнан аз шаҳрвандон дархост шудааст, ки агар шоҳиди ҳодисаҳои фавқулода шаванд, метавонанд ба хадамоти наҷоти КҲФ бо телефонҳои зерин муроҷиат кунанд: 112; 223 13 11; 221 91 19 ва 93 880 28 19.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.