Кормандони Кумитаи бехатарии озуқавории назди ҳукумати Тоҷикистон соли равон 670 кило гӯшти мурғи ширкати “Шивер Тоҷикистон”-ро бе ҳуҷҷатҳои дахлдор дар сарҳад мусодира карданд. Ин ширкат молики франшизаи шабакаи гипермаркетҳо таҳти тамғаи “Ашан” аст.

Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории ҷумҳурӣ Муҳаммадсаид Файзуллозода зимни нишасти хабарӣ гуфт, ин миқдор гӯшти муодирашуда ба ихтиёри Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе супурда шуд.

Дар ҷараёни санҷишҳои Маркази миллии ташхиси бехатарии озуқаворӣ ҳамагӣ ҳудуди 34 тонна маснуоти гӯштӣ, ки ба талаботи бехатарии ғизо ҷавобгӯ набуданд, мусодира ва нобуд карда шудаанд.

Дар ин давра аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ наздики 10,5 ҳазор тонна маҳсулоти гӯштӣ ворид шуда, ҳамаи он дар нуқтаҳои сарҳадии Кумита аз санҷиш гузаштаанд.

Ба гуфтаи Файзуллозода, имрӯз барои ба Тоҷикистон ворид кардани маҳсулоти хатарнок барои солимӣ ҳеҷ гуна имконият нест.

Аммо хавфи воридоти маҳсулоти пастсифат аз ҷониби қоҷооқбарон вуҷуд дорад, ки аз нуқтаҳои ғайрирасмии убури сарҳад истифода мекунанд.

“Тибқи маълумоти мо, танҳо дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулови вилояти Суғд 127 нуқтаҳои ғайриқонунӣ мавҷуданд, ки ба воситаи онҳо маҳсулот, аз ҷумла маҳсулоти хӯрокворӣ тариқи қочоқ оварда мешавад”, - хабар дод роҳбари Кумита.

Ба ақидаи ӯ, дар минтақаи сарҳад бо Қирғизистон хонаҳои сокинони ду кишвар аз ҳамдигар хеле наздик ҷойгир шуда, назорати пурраи интиқоли молу маҳсулот аз як ҷой ба ҷойи дигар хеле душвор аст.

“Аз ин рӯ, баъзан дар нуқтаҳои фурӯш маҳсулоти пастсифат пайдо шуда метавонанд”, - афзуд Файзуллозода.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.