Дар қаламрави ВМКБ рӯзи 2 август тамринҳои низомии бузургмиқёси сохторҳои қудратии Тоҷикистон оғоз гардиданд. Ин машқҳо бо дастури президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон гузаронида мешаванд.
Тавре ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ полковник Фаридун Маҳмадализода хабар дод, дар тамринҳо то 10 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, намояндагони сохторҳои қудратӣ, инчунин сарбозону афсарони эҳтиётӣ иштирок мекунанд.
Ба ин тамринҳо наздики сад адад техникаи зиреҳпӯш, авиатсия ва автомобилҳои ҳарбӣ сафарбар шудаанд.
Ба ҷузъу том ва воҳидҳои ҳарбие, ки дар машқҳо иштирок мекунанд, шахсан вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо фармондеҳӣ мекунад. Тамринҳо рӯзи 5 август ба итмом мерасанд.
Мувофиқи фарзияи машқҳо, гурӯҳҳои сершумори террористӣ кӯшиш мекунанд, ки аз Афғонистон ба қаламрави Тоҷикистон ворид шаванд. Ин амал қисман ба онҳо муяссар мешавад. Вазифаи ҳайати шахсии дар тамринҳо иштирокдошта зада баргардонидан ва маҳви террористон мебошад.
Таъкид шуд, ки дар размоиш тарзи амалу рафтор ҳангоми ба иҳота гирифтани нерӯҳои терроризми байнулмилалӣ, ки ба қаламрави ҷумҳурӣ даромадаанд, инчунин ташкили мудофиаи қаламрав, сафарбарии афсарону сарбозону эҳтиётӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, дар таҷрибаи амалӣ санҷида мешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Дар Исфара бар асари сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасон зери об монданд
Норак Дэвид Кэмеронро бо чӣ мафтун кард?
Байни Тоҷикистону Италия 7 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Тавофуқи Тоҷикистону Ӯзбекистон доир ба гузариши транзитии мошинҳои боркаш бе рухсатнома
“Эҳтимоли хуруҷи беморӣ зиёд аст”. Кумитаи рушди сайёҳӣ аз ширкатҳои сайёҳӣ хост, ҷаҳонгардонро ба Саратоғ набаранд
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста