Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои дахлдор дастур дод, ки лоиҳаи Созишнома байни Тоҷикистону Русияро дар бораи ташкили низоми муттаҳидаи минтақавии мудофиаи зиддиҳавоӣ маъқул дониста, имзо кунанд.

Амри сарвари давлат дар ин хусус 12 сентябри соли равон ба имзо расидааст.

Дар лоиҳаи санад гуфта мешавад, қарордод бо мақсади беҳбуди самаранокии мудофиаи зиддиҳавоӣ дар минтақа баста мешавад.

Созишнома қисмате аз низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоии кишварҳои узви ИДМ мешавад.

“Бо назардошти аз якдигар ҷудо будани қаламравҳои Тоҷикистону Русия, ҷонибҳо дар ҳайати минтақа қисмати ҷудогонаи амнияти дастаҷамъиро дар ҳудуди қаламрав ва фазои Тоҷикистон ҷудо мекунанд”, - қайд мешавад дар лоиҳаи созишнома.

Гуфта мешавад, ҳамоҳангсозии амалҳои муштараки ҷузъу томҳои низомиро сарфармондеҳи Неруҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия генерал-полковник Сергей Суровикин амалӣ месозад.

Созишнома ба муддати панҷ сол баста мешавад. Минбаъд агар ҳеҷ яке аз тарафҳо дар бораи нияти қатъи амали он ҷониби дигарро огоҳ накунад, амали он ба таври автоматӣ ба панҷ соли оянда дароз мешавад.

Қобили зикр аст, ки дар қаламрави Тоҷикистон бузургтарин иншооти ҳарбии Русия берун аз ҳудуди ин кишвар - пойгоҳи низомии 201-уммустақар аст. Мувофиқи созишномаи моҳи октябри соли 2012 имзошуда, муҳлати ҳузури пойгоҳ дар Тоҷикистон то соли 2042 муқаррар шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.