Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон то анҷоми маъракаи интихоботи президентӣ дар кишвар ба реҷаи пурӯри адои хизмат гузаронида шуданд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз ВКД Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, аз 8 октябр мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ пурра ба реҷаи ҳузури доимӣ дар ҷойи кор қарор мегиранд.

Реҷаи пурзӯри адои хизмат дар робита ба баргузории интихоботи президентӣ, ки рӯзи 11 октябр таъин шудааст, ҷорӣ шуд.

Дар давраи баргузории интихобот ҳамаи ҷойҳои ҷамъиятӣ, макони издиҳоми мардум, кӯчаву хиёбонҳои тамоми маҳаллаҳои бузурги аҳолинишини кишвар аз ҷониби гурӯҳҳои пурзӯршудаи сохторҳои қудратӣ зери назорат ва посбонӣ гирифта мешаванд.

Ҳудуди 4 ҳазор қитъаҳои интихоботӣ, ки рӯзи интихобот дарҳои худро боз мекунанд, таҳти назорат ва ҳимояти шабонарӯзӣ қарор мегиранд.

Барои ҳамоҳангсозии фаъолияти кормандони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар давраи баргузории интихобот комиссияи ҷумҳуриявии байниидоравӣ таъсис дода шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.