Дар Тоҷикистон нақшаи тирамоҳии даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ба сафи Неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 89 дарсад иҷро шуда, то кунун вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нақшаи даъватро иҷро накардаанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадалиев иттилоъ дод.

Ба иттилои манбаъ, вилояти Суғд давоми 20 рӯз 80 дарсад, вилояти Хатлон - 91 фоиз ва ноҳияиҳои тобеи ҷумҳурӣ бошанд, 92 % нақшаи даъвати шаҳрвандонро иҷро кардаанд.

- ВМКБ имсол, бори аввал дар рӯзи нахустини даъват аз иҷрои 103 дарсадии нақша хабар дода буд. Шаҳри Душанбе ҳам ба гуфтаи манбаъ, дар даҳрӯзаи аввал нақшаи даъватро 100 фоиз иҷро кардааст. То имрӯз наздик ба 40 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ аз иҷрои даъват гузориш пешниҳод намуданд, - мегӯяд манбаъ.

Сардори Маркази матбуоти вазорати дифоъ мегӯяд, ки сарфи назар аз ин ки, нақша пеш аз муҳлат иҷро мешавад, кори комиссияи даъват ду моҳ идома мекунад ва ҳоло барои пурра иҷро намудани нақша бештар аз як моҳ фурсат боқӣ аст.

Маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ду моҳ - октябр ва ноябр ҷараён мегирад. Ҳамасола шаҳрвандони синни аз 18 то 27-сола ба хидмат даъват карда мешаванд.

Ба гуфтаи Маҳмадалиев, дар минтақаҳое, ки нақшаи даъват қабл аз муҳлат иҷро шуд, ҷавонон ихтиёрӣ ба хидмат рафтаанд.

Ҳамасола ҳангоми маъракаи даъват шаҳрвандон ва бархе Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз ҳолатҳои даъвати иҷборӣ ё ба истилоҳи маъмул “облава” нигаронӣ мекунанд. Имсол низ дар бархе расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ  ду мавриди “облава” расонаӣ шуд, ки яке аз онро Вазорати корҳои дохилӣ рад намуд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.