Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 21 октябри соли ҷорӣ боз дар рӯйхати  таҳримҳо номи Гулмород Ҳалимов, фармондеҳи собиқи гурезаи ОМОН-и ВКД Тоҷикистонро, ки соли 2015 ба гурӯҳи террористии ДОИШ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) пайваст, зикр кардааст.

Шӯрои амният аз ҳамаи давлатҳо-аъзои СММ талаб мекунад, ки дархостҳои қатънома ва таъмини иҷрои таҳримҳоеро, ки созмон онҳоро ба тасвиб расонидааст, амалӣ намоянд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 15-уми апрели соли 2017 маҷаллаи «Таймс» дар бораи кушта шудани собиқ фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и ВКД Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов ҳангоми зарбаҳои ҳавойӣ дар қисмати ғарбии шаҳри Мавсили Ироқ маълумот дод.

Рамазон Раҳимзода Вазири корҳои дохили Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии имсола қайд карда буд, ки  “Мо ҳам аз ВАО дар бораи марги ӯ маълумот мегирем, аммо санҷишҳои иловагӣ мегузаронем. То ҷасадашро набинам, мушаххас гуфта наметавонам, ки ӯ мурдааст ё на”, - изҳор дошт ӯ ҳамон вақт зимни нишаст.

Аввали моҳи сентябри ҳамон сол Вазорати мудофиаи Русия аз ҳалокати Гулмурод Ҳалимов дар натиҷаи зарбаи ҳавоии Қувваҳои ҳарбии кайҳонии ин кишвар ба мавқеъҳои гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” дар Сурия маълумот дод, лекин дигар сарчашмаҳо инро тасдиқ накарданд. Баъдан ВАО хабар доданд, ки бар асари ин зарбаҳо Гулмурод Ҳалимов ҷароҳат бардоштааст.

Моҳи августи соли 2019 Шӯрои амнияти СММ таҳримҳо нисбат ба Гулумрод Ҳалимовро тамдид карда, ба ин васила марги ӯро рад кард. Дар сомонаи Шӯрои амният ҳамчунин зикр мешавад, ки Гулмурод Ҳалимов аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ва Интерпол мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад.

Баъди чанде дар бораи дар Афғонистон ҳузур доштани собиқ фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и Тоҷикистон хабарҳо мунташир шуданд, аммо ин маълумотро касе расман тасдиқ накард.

Гулмурод Ҳалимов охири моҳи апрели соли 2015 бедарак шуда, баъди як моҳ дар Сурия пайдо шуд. Дар навори муроҷиати видеоии худ ӯ изҳор дошт, ки ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” пайвастааст. Ҳукумат полковники фирориро дар хиёнат ба Ватан гунаҳкор донист ва тариқи Интерпол ҷустуҷӯйи ӯро эълон кард.

Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбат ба Гулмурод Ҳалимов мувофиқи се моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – 305 (Хиёнат ба давлат), 187, қ. 2 (Иштирок дар гурӯҳи ҷиноятпеша) ва 401 (Иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар хориҷи кишвар) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард.

Ҳукумати ИМА 30-юми августи соли 2016 барои маълумот доир ба макони будубоши Ҳалимов 3 млн. доллар мукофотпулӣ эълон кард. Департаменти давлатӣ ӯро яке аз пешвоёни калидии “Давлати исломӣ” арзёбӣ кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.