Иззатулло Холов субҳи имрӯз пас аз ихроҷаш аз Федератсияи Русия аз ҷониби кормандони милитсия дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВКД-и Тоҷикистон.
Қайд карда мешавад, ки ӯ барои риоя накардани қоидаҳои иқомат ва ғайриқонунӣ ба даст овардани шаҳрвандии Русия аз Федератсияи Русия ихроҷ карда шудааст.
«Бояд қайд кард, ки Холов И.А. бо роҳи қаллобӣ бо баҳонаи ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон ва муҳоҷирони меҳнатӣ аз даҳҳо нафар дар Русия маблағҳои калон гирифта, азхуд кардааст. Мо аз онҳое, ки бо қаллобии Холов И.А. рӯбарӯ шудаанд, хоҳиш мекунем, ки ба хати доимоамалкунандаи ВКД: 221-21-21 занг зананд», - гуфтанд дар хадамоти матбуот.
“Қаллобие, ки: а) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок; б) ба миқдори махсусан калон содир шудааст, бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазору чорсаду шаст то ду ҳазору яксаду навад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (87600 - 131400 сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад”, гуфта мешавад дар қисми 4-уми моддаи 247-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Иззат Амон рӯзи 25 март дар Русия боздошт шуд. Вай иддао дорад, ки ӯро бо дархости мақомоти Тоҷикистон боздошт кардаанд. Аммо мақомоти Тоҷикистон инро рад мекунанд. Дар дафтари матбуотии ВКД-и Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» гуфтанд, ки боздошти Иззат Амон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ҳеҷ иртиботе надорад. Аммо баъдтар изҳорот пахш карданд, ки дар Тоҷикистон алайҳи ӯ бо ҷурми қаллобӣ мутобиқи моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тотористон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва чанд далели қаллобии Иззат Амонро низ оварданд.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи 25 март дар канали Иззат Амон дар Ютуб муроҷиатнома ба президенти Русия Владимир Путин нашр шуд.
«Владимир Владимирович, агар шумо ин видеоро тамошо кунед, ин маънои онро дорад, ки ман дигар дар қаламрави Федератсияи Россия нестам. Боварии бештар дорам, ки онҳо маро мебаранд, зеро ба ин одамон маблағи ҳангуфт пардохта шудааст. Ва намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо баъзе хадамоти махсуси Федератсияи Русия ният доранд, ки маро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бифиристанд, то онҳо маро барои танқиди амалҳои мақомоти Тоҷикистон ба зиндон андозанд», - мегӯяд ӯ дар видео.
Сомонаи Суди шаҳри Маскав бошад хабар медиҳад, ки Додгоҳи Тверскии Маскав Иззат Холовро (Иззат Амон) мувофиқи муқарароти моддаи 18.10 - и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ФР (Фаъолияти кории ғайриқонунии шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд дар Федератсияи Русия) гунаҳкор донистааст.
Ин модда ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи аз ду ҳазор то панҷ ҳазор рубл ва хориҷ кардан аз қаламрави Федератсияи Русия пешбинӣ мекунад.
Иззат Амон соли 1973 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шуда, факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Ба гуфтаи худи Амон, ӯ аз аввали солҳои 2000-ум дар Маскав ба сар мебарад. Соли 2009 Академияи дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия ва соли 2013 - аспирантураи Академияи хизмати давлатии назди Дафтари президенти Федератсияи Русияро хатм кардааст.
Ҳоло ӯ ба ҳайси ҳуқуқшинос дар Бюрои байналмилалии ҳуқуқ дар Маскав кор мекунад ва ба созмони "Маркази тоҷикони Маскав" роҳбарӣ мекунад.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста