Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон аз кушта шудани як узви барҷастаи ҳаракати террористии "Ал-Қоида" дар вилояти Пактико бо номи Давлатбек ё Абумуҳаммади Тоҷикӣ хабар медиҳад, ки ба гуфтаи ин ниҳод шаҳрванди Тоҷикистон будааст.
Ин ниҳод дар як хабарнома барои расонаҳо навиштааст, ки неруҳои вижаи онҳо дар як амалиёти ҳадафманд як узви барҷастаи шабакаи "Ал-Қоида" ва як фармондеҳи "Толибон"-ро дар вулусволи (ноҳия)-и Каёни вилояти Пактико ба ҳалокат расонидаанд.
Бино ба иттилооте, ки дар ин хабарнома омадааст Давлатбеки Тоҷикӣ ҳамроҳ бо Ҳазраталӣ фармондеҳи "Толибон" аз тарроҳони аслии ҳамлаҳои печидаву хунини бузурги муштараки "Ал-Қоида"-ву "Толибон" будаанд.
"Давлатбек Тоҷикӣ машҳур ба Абумуҳаммад Тоҷикӣ узви барҷастаи шабакаи "Ал-Қоида" дар шибҳақораи Ҳинд ва Ҳазраталӣ машҳур б Ҳамза Муҳоҷир бошандаи аслии Вазиристон фармондеҳи гуруҳи террористии "Толибон" аз плонгузорони аслии ҳамлаҳои муштараки печидаи хунин ва бузурги "Толибон"-у "Ал-Қоида" буданд. Ин афрод, ашхоси иртиботӣ миёни шабакаи "Толибон"-у "Ал-Қоида" буда ва масъулияти таҳҳизу тамвили гуруҳи террористии "Толибон"-ро пеш мебурданд",- омадааст дар ин хабарнома.
Ба гуфтаи Раёсати амнияти умумии Афғонистон ин ду узви баландпояи гуруҳҳои террористӣ дар охирин иқдомашон тарҳи ҳамлаҳои густардаи баҳориро барои гуруҳи "Толибон" мекашидаанд.
Расонаӣ шудани номи Давлтбек ё Абумуҳаммади Тоҷикӣ дар ҳолест, ки дар мавриди ин узви ба гуфтаи мақомоти Афғонистон барҷастаи "Ал-Қоида" дар Тоҷикистон маълумоте дар дастрас нест. Мақомоти интизомии Тоҷикистон дар ин бора то кунун изҳори назар накардаанд.
Ин ниҳод таъкид кардааст, ки Абумуҳаммади Тоҷикӣ ҳамроҳ бо Ҳазраталӣ дар Афғонистон силоҳҳои пешрафтаро фароҳам мекардаанду гуруҳи террористии "Толибон"-ро дар вилоятҳои Ғазнӣ, Лугар ва Зобул таълимоти низомӣ медодаанд.
Ин афродро Раёсати амният бар асоси маълумоти истихборотӣ пайдо ва дар масири вилояти Ғазнӣ ба сӯйи Пактико ба ҳалокат расонидаанд.
Дар ин хабарнома Раёсати амнияти миллии Афғонистон гуфтааст, ки ин кишвар пойгоҳи амн барои гуруҳҳои террористии хориҷӣ намебошад. Ин ниҳод ин амалиёт ва кушта шудани ин ду фарда барҷастаро хилофи иддаоҳои "Толибон" дар мавриди қатъи робитаашон бо гуруҳи "Ал-Қоида" донистааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста