Пулиси Маскав шумори зиёде нафаронеро, ки рӯзи 2-юми апрел, дар назди Сафорати Тоҷикистон дар Маскав бо талаби раҳоии Иззат Аммон ҳомии ҳуқуқи тоҷик ва раиси "Маркази тоҷикон" дар Маскав, ҷамъ омада буданд, боздошт кардааст. Радиои "Озодӣ" эътирозгарони ҷамъомадаро муҳоҷирини тоҷик ном бурдаааст.

Шабакаи телевизионии «Дожд» бо гузориш аз макони ҳамоиши эътирозӣ гуфтааст, ки ин эътирозгарон ба талаби озодии Иззат Амон, ки дар Душанбе дар боздошт қарор дорад ҷамъ омадаанд. 

Ин шабака гуфтааст, ки баъди чанд лаҳзаи ҳамоиши эътирозӣ боздошт сар шудааст. Шумораи дақиқи боздоштшудаҳо маълум нест, вале "ОВД-Инфо" иттилоъ додааст, ки 6-7 мошни махсус аз боздоштшудаҳо лабрез будааст.

Хабарнигори "Дожд", ки ба назди Сафорати Тоҷикистон рафтааст, гуфтааст, киҳамоишро надид, вале ду микроавтобус, се мошини пулис ва мошини махсусеро, ки барои ҳамлу нақли боздоштшудаҳо истифода мешавад, дидааст.

Як манбаъ ба РБК аз боздошт шудани 100 нафар хабар додааст ва ҳамин манбаъ гуфтааст, ки эътирозгарон ҳудуди 400 нафар буданд. 

Дар сафорати Тоҷикистон ба Радиои "Озодӣ" гуфтаанд, ки “баъди муроҷиати пайдарпайи гурӯҳҳои мухталифи зиддиҳукуматӣ ба муҳоҷирон дар Русия ва муроҷиат дар масҷиди "Проспект мира"‑и шаҳри Маскав як гурӯҳ баъди намози ҷумъа талош карданд, ба назди сафорат биоянд”.

“То сафорат нарасида Ходимони ҳифзи қонун барои таҷаммӯи ғайриқонунӣ онҳоро пароканда карданд ва бархе дастгир шуданд”,‑‑ гуфтаанд дар сафорат.

Пулиси Маскав далели боздоштҳор барпо шудани эътироз бидуни ҳамонҳангӣ бо ниҳодҳо гуфтааст. 

«Бештари боздоштшудаҳоро ҷавоб додаанд, бархеҳо он шаб нигоҳ доштаанд. Асосан, ҳамаро барои иштирок дар ҳамоиши бидуни ҳамоҳангӣ муттаҳам мекунанд», - гуфтааст манбаъи РБК.

Муҳоҷирони боздоштшударо муҷозот бар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русия, аз ҷумла ҷарима, ҳабс ё ихроҷ аз ҳудуди ин кишвар таҳдид мекунад. 

Намояндагони Сафорати Тоҷикистон низ ин эътирозро ғайриқонунӣ номида, ба "Озодӣ" гуфтаанд, онҳое, ки фирефтаи чунин даъват шудаанд, “барои вайрон кардани қонун ҷазо мегиранд ва аз хоки Русия ихроҷ мешаванд”.

“Вақте мо ба назди сафорат омадем ва дархост кардем, ки намояндаи сафорат ба наздамон ояд, як нафар омад ва гуфт 15 дақиқа сабр кунед, ба наздатон меоем, вале баъди 15 дақиқа атрофи мо пулисҳо ҷамъ шуданд. Мумкин аз сафорат онҳоро даъват карданд ва бо зур муҳоҷиронро, тақрибан дар 7 автобус бор карданду бурданд, дигар намедонем ба онҳо чӣ шуд”,‑‑гуфтааст як муҳзоҷир ба "Озодӣ".
Радиои "Озодӣ"

Қазияи Иззат Амон рӯзи 25 март дар Русия оғоз шуд. Наздикону пайвандонаш он замон мегуфтанд, ки чанд рӯз аст бо ӯ тамос гирифтан наметавонанд. Дар дафтари матбуотии ВКД-и Тоҷикистон он вақт ба «Азия-Плюс» гуфта буданд, ки боздошти Иззат Амон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ҳеҷ иртиботе надорад. Аммо баъдтар изҳорот пахш карданд, ки дар Тоҷикистон алайҳи ӯ бо ҷурми қаллобӣ мутобиқи моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тотористон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва чанд далели қаллобии Иззат Амонро низ оварданд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 25 март дар канали Иззат Амон дар Ютуб муроҷиатнома ба президенти Русия Владимир Путин нашр шуда буд, ки зоҳирн қабл аз боздошташ сабт шуда буд.

«Владимир Владимирович, агар шумо ин видеоро тамошо кунед, ин маънои онро дорад, ки ман дигар дар қаламрави Федератсияи Россия нестам. Боварии бештар дорам, ки онҳо маро мебаранд, зеро ба ин одамон маблағи ҳангуфт пардохта шудааст. Ва намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо баъзе хадамоти махсуси Федератсияи Русия ният доранд, ки маро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бифиристанд, то онҳо маро барои танқиди амалҳои мақомоти Тоҷикистон ба зиндон андозанд», - мегӯяд ӯ дар видео.

Аммо рӯзи  27 март ВКД хабари боздошти ӯро дар Душанбе расонаӣ кард. Иззатулло Холов субҳи имрӯз пас аз ихроҷаш аз Федератсияи Русия аз ҷониби кормандони милитсия дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шуд, хабар дод он замон Маркази матбуоти ВКД-и Тоҷикистон.

Дар ин хабарномаи ВКД таъкид мешуд, ки ӯ барои риоя накардани қоидаҳои иқомат ва ғайриқонунӣ ба даст овардани шаҳрвандии Русия аз Федератсияи Русия ихроҷ шудааст.

«Бояд қайд кард, ки Холов И.А. бо роҳи қаллобӣ бо баҳонаи ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон ва муҳоҷирони меҳнатӣ аз даҳҳо нафар дар Русия маблағҳои калон гирифта, азхуд кардааст. Мо аз онҳое, ки бо қаллобии Холов И.А. рӯбарӯ шудаанд, хоҳиш мекунем, ки ба хати доимоамалкунандаи ВКД: 221-21-21 занг зананд», - гуфтанд дар хадамоти матбуот.

“Қаллобие, ки: а) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок; б) ба миқдори махсусан калон содир шудааст, бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазору чорсаду шаст то ду ҳазору яксаду навад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (87600 - 131400 сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад”, гуфта мешавад дар қисми 4-уми моддаи 247-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аммо Муҳаммадюсуф Холов, писари ӯ рӯзи 30‑юми март ба Радиои "Озодӣ", гуфта буд, ки бо падараш дар боздоштгоҳи ВКД ним соат мулоқот кардааст ва феълан вазъи саломати ӯро "хуб" арзёбӣ мекунад. Ӯ гуфта буд, ки мақомот ваъдаи раҳоии падарашро додаанд. Чанде аз муҳоҷирони эътирозгар гуфтанд, ба ваъдаи мақомот бовар надоранд.

Иззат Амон

Иззат Амон соли 1973 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шуда, факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Ба гуфтаи худи Амон, ӯ аз аввали солҳои 2000-ум дар Маскав ба сар мебарад. Соли 2009 Академияи дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия ва соли 2013 - аспирантураи Академияи хизмати давлатии назди Дафтари президенти Федератсияи Русияро хатм кардааст.Ӯ то замони боздошт ба ҳайси ҳуқуқшинос дар Бюрои байналмилалии ҳуқуқ дар Маскав кор мекард ва ба созмони "Маркази тоҷикони Маскав" роҳбарӣ мекард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.