Имрӯз, 5 апрел сафари расмии вазири мудофиаи Тоҷикистон ба Эрон оғоз мешавад. Дар ҷараёни сафари генерал-полковник Шералӣ Мирзо ба Теҳрон масоили тавсеъаи ҳамкориҳои ду кишвар дар самти ҳарбиву техникӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

ДарТеҳрон дидору гуфтушуниди вазири мудофиаи Тоҷикистон бо раҳбарияти сиёсӣ ва ҳарбии Эрон ба нақша гирифта шудааст, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ полковник Фаридун Маҳмадализода.

Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо сатҳи ҳамкориҳоро дар соҳаҳои омодагии кадрҳо, баргузории тамринҳои муштараки низомӣ, табодули маълумот, омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар ва дигар бахшҳо баррасӣ мекунанд.

“Ба амалҳои муштараки ду кишвар дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд”, - зикр кард манбаъ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.