Дар қаламрави се машқгоҳи ҳарбии гарнизони Хатлон тамринҳои низомии фавриву тактикии бузургмиқёси маҷмӯавӣ баргузор мешаванд, ки аз ҷониби Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон созмон дода мешавад.

Дар он намояндагони сохторҳои қудратии кишвар, ҳайати захираҳои даъвати сафарбарии артиши миллӣ аз вилояти Хатлон, кормандони мақомоти давлатии ҷумҳурӣ, сарбозону афсарони пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон иштирок мекунанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ полковник Фаридун Маҳмадализода.

Ба гуфтаи ӯ, баргузории тамринҳо нимаи аввали моҳи апрел дар машқгоҳҳои “Сумбулак”, “Момирак” ва “Ҳарбмайдон” ба нақша гирифта шудааст.

Ба машқҳои низомӣ техникаи зиреҳпӯш, артилеррия ва воҳидҳои авиатсия сафарбар карда мешаванд.

Дар ҷараёни тамринҳо сарбозону афсарони Тоҷикистону Русия масоили амалҳои муштаракро дар ҳолати пайдо шудани таҳдидҳо дар сарҳадҳои ҷанубии ИДМ мавриди амалу таҷрибаомӯзӣ қарор медиҳанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.