Азиз, блогнависе аз Хоҷаи Аъло дар лаҳзаҳои аввали баҳси сокинони тоҷику қирғиз дар обанбори “Головной” тирборон кардани мардуми мулкиро аз сӯйи  низмиёни қирғиз ба навор гирифтааст.

Ба гуфтаи вай, рӯзи аввал (28-уми апрел) сокинони ду тараф, ки дар маҳалли даргирӣ ҷамъ омада буданд, бо сангпартоӣ ба сӯйи якдигар ҷудо шуданду бегоҳӣ ба хонаҳояшон рафтанд. Рӯзи дигар дар обанбор боз бошандагони ду тараф ҷамъ шуданд, вале таниш набуд.

Дар нимаҳои рӯз сокинони қирғиз иғвоандозӣ карданд ва вақте бошандагони тоҷик ба теппа мерафтанд, низомиёни қирғиз онҳоро тирборон карданд.

“Мо бошандагони тоҷик пушти теппаҳо пинҳон шудем, вале сокинони қирғиз моро таҳрик додан гирифтанд, садо мезаданд, ки тарсуҳо пинҳон шудед, хезед, пештар биёйед, мо шуморо ... Тақрибан соати 13.00 мардуми мо хестанд, то бубинад, ки онҳо дар куҷо истодаанд ва чӣ мехоҳанд. Мо силоҳ надоштем, ҳатто дар даст санг низ надоштем, вале вақте мардум ба теппа баромаданд, моро мавриди тирборон қарор доданд”, - нақл мекунад ӯ.

Ба гуфтаи вай, аввал аз автомат мепаронданд, баъдан снайпер ҳам ҳамроҳ шуд ва баъдтар аз нориҷакандозу миномиёт ҳам паронданд.

«Бисёр даҳшатовар буд. Вақте тирзанӣ гирифтанд, ҳама ба пушт гурехтем, вале на ҳама наҷот ёфт. Бисёриҳо вақти гурехтан захмӣ шуданд ва дар замин уфтоданд: 6-7 нафар дар ин ҷо кушта шуд, бештар аз 50 нафар захмӣ шуд. Бо як азобу машацқате мо захмиҳоро берун овардем, ҳатто вақте мехостем ба онҳо ёрӣ кунем, моро тирборон мекарданд”, - мегӯяд ӯ.

“Снайперҳои ҳирфаӣ мезаданд”

Бошандаи солхӯрдаи Хоҷаи Аъло  Карим Зокиров мегӯяд, ки бори аввал нест, ки қирғизҳо нахуст шуда оташкушоиро оғоз мекунанд.

“Бори аввал нест, ки ман шоҳиди даргириҳо дар марз ва ғасби ҷониби Қирғизистон мешавам. Ҳанӯз дар низоъҳои соли 1974 ва 1989 онҳо шаҳрвандони одиро паронданд. Дар ҳзамин рӯз ҳам онҳо нахустин шуда тирзаниро оғоз карданд, онҳо ба сӯйи мардуми мулкӣ тир заданд. Мардум ва марзбонони мо ин гуна тирборони зудҳангомро мунтазир набуданд, мутаассифона, мо чандин ҷавонони худро аз даст додем. Даҳшат буд, даҳшат ”.

Ба гуфтаи вай, “мардуми маҳаллии ҷониби мо силоҳ надоранд, онҳо тақрибан ҳамаашон доранд”. Ӯ мутақид аст, ки на танҳо низомиён, ҳатто мардуми мулкияшон ҳам тирборон мекарданд.

Ҳамчунин ба гуфти вай, аз сӯйи Қирғизситон ҳатто снайперҳои ҳирфаӣ ҳам буданд.

“Онҳо росту дақиқ ба пешонӣ мезаданд. Масалан, вақте пизишки низомӣ Меҳрузиддин Болтаев мехост ба захмиҳо ёрдам кунад, рост ба пешонааш заданд. Ҳарчанд ҳатто дар замони ҷанг касе ҳақ надорад ба сӯйи мардуми мулкӣ ва пизишкон тир бизанад”, - гуфт ба “Азия-Плюс” Карим Зокиров.

Расман

Пештар дар мавриди ин ки нахуст ҷониби Қирғизситон ба тирзанӣ оғоз карда буд, Неруҳои марзбониву  Додситонии кулли Тоҷикистон ва сардори раёсати неруҳои вижа (ОМОН, СОБР, Таъиноти махсус)-и ВКД Тоҷикистон ҳам гуфта буданд.

Бар асоси далели ҳамла ба ҷамоати Чоркӯҳи Исфара, ки аз сӯйи гуруҳи низомиёну сокинони Қирғизистон, тақрибан дар ҳайати 200 нафар сурат гирифтааст, Додситонии кулли Тоҷикистон бар асоси моддаҳои 395 (ҷанги ғосибона) ва 104 (куштор)-и КҶ парванда боз кард.

Зимнан, ҷониби Қирғизистон ҳам дар навбати худ, Тоҷикистонро ба оғози ҷанг, тирпаронӣ ва тахриби хонаҳои сокинон муттаҳам мекунад. Додситонии кулли Қирғизистон ба далели ин даргириҳои рӯзи 29-уми апрел дар Бодканд парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Қирғизистон изҳорот дод, ки Тоҷикистон созишномаи миёни ду кишвар дар бораи ҳамсоягии нек ва равобити муштарак аз 26-уми майи соли 2004-ро нақз кард. Парванда бар асоси моддаи 380 “ҷиноёт алайҳи сулҳ”-и КҶ Қирғизистон боз шудааст.

Баъдтар, 2-юми май, вазири корҳои дохилии Қирғизистон Эркебек Ашурхоҷаев  аз боз шудани 11 парвандаи ҷиноӣ бар асоси даргириҳо дар марз бо Тоҷикистон аз рӯйи моддаҳои “куштор”, “бетартибии оммавӣ”, “убури ғайриқонунии марз” ва “авбошӣ” низ сухан кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.