Бар асари боришоти пуршиддати рӯзи 13 май дар як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон ва навоҳии тобеи марказ ҳодисаҳои селфароӣ ба қайд гирифта шуд.

Тавре маркази матбуоти КҲФ хабар медиҳад, дирӯз дар натиҷаи боришоти пуршиддат сатҳи об дар наҳр (канал)-и Навобод-2, ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Ҷомӣ боло рафта, ба шусташавии қитъаи роҳ дар километри 77-ум боис гардид ва ҳаракати нақлиёт қатъ шуд.

“Хадамоти нигаҳдории роҳҳои Вазорати нақлиёт техникаи махсус ҷудо карда, оқибатҳои офати табиӣ бартараф шуданд. Айни замон роҳ боз буда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт барқарор аст”, - гуфта мешавад дар маълумот.

Ҳамчунин дар натиҷаи селу обхезӣ таҳхонаҳои ду манзил дар деҳаи Коммунизм, се қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва иншооти ёридиҳандаи сокинони деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳияи Вахшро об зер кард.

Ба хотири аз сел эмин доштани сокинон, аҳолии маҳаллӣ муваққатан ба макони бехавф кӯчонида шуд.

Сурат: КҲФ ҶТ

Дар ҳамин рӯз сокинони як қатор ҷамоатҳои ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон низ аз сел осеб диданд.

Аз ҷумла дар ҷамоати деҳоти Чилдухтарон қисман ду пул зарар дид; дар деҳаҳои Шулулу, Тебалай ва Бобои Ҳабиб лойқа ба се хона зарар расонида, таҳхонаи 10 манзил ва 32 қитъаи замини наздиҳавлигӣ зери об монд ва се пул қисман осеб дид; дар ҷамоати деҳоти Ш.Шоҳин 9 қитъаи замини наздиҳавлигии сокинони маҳаллиро сел зер кард.

Дар ҷамоатҳои деҳоти Гулистон ва А.Авазови ноҳияи Восеъ сел ба 100 иншооти ёридиҳанда қисман зарар расонид. Ин ҷо 32 иншоот қисман ва 20 иншооти пурра хароб шуданд. Инчунин, 2 манзил ҳам қисман осеб дид.

Дар деҳаҳои Ваҳдат ва Нурмати ҷамоати деҳоти Ғалабаи ноҳияи Фархор 28 қитъаи замини наздиҳавлигӣ зери лойқа монда, 20 метри роҳи мошингард шуста шуд.

Инчунин боришоти пуршиддат ба қитъаҳои ҷамоатҳои деҳоти Шарора, Ҳисор, Дурбати шаҳри Ҳисор зарар расонида, ин ҷо 276 нафарро имдодгарони КҲФ ба макони бехавф кӯчониданд.

Кӯчаву бозор ва қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дар шаҳри Турсунзода зери оби борон монданд. Айни замон оқибатҳои офат бартараф карда шудаанд.

Таъкид мешавад, ки дар маҳалҳо Комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодаи шаҳру навоҳии зикршуда машғули коранд. Хушбахтона, талафоти ҷонӣ нест.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.