Тоҷикистон ҷобаҷойии отряди посбонӣ дар марз бо Қирғизистонро нақзи тавофуқот намедонад. Неруҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як изҳорот иддаои ҷониби Қирғизистонро рад карда, гуфтааст, ки ҷобаҷо кардани посбонон дар минтақаи мувофиқашуда сурат гирифтааст.
Ин изҳороти дафтари матбуоти Неруҳои марзбонии КДАМТ-ро хабаргузории расмии "Ховар" нашр кардааст, ки дар он гуфта мешавад изҳороти нашрнамудаи ҷониби Қирғизистон ба воқеият мувофиқат намекунад:
"Срфи назар аз изҳороти дар ВАО нашршудаи ҷониби Қирғизистон, ки ба воқеият мувофиқат намекунад, дар натиҷаи кори комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсия, аз дарозии умумие, ки 986,7 км-ро ташкил медиҳад, 519, 9 км сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон тасвир шудааст. Яке аз қисмҳои боқимондаи тақсимнашуда дар ин минтақа ағбаи Шатти мебошад".
Дар изҳороти ҷониби Тоҷикистон гуфта мешавад, ки ин минтақа (минтақае, ки расонаҳои Қирғизистон дар бораи он иттилоъ додаанд) то кунун мушаххас нашудааст ва "ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд низ дар самти муайян кардани хатти убури сарҳади давлатӣ корро идома медиҳанд ва пешниҳодҳои худро манзур менамоянд".
Дар робита ба ин, айни замон отряди посбонони сарҳадии Қушунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хатти мувофиқашудаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон посбонӣ мекунад,- омадааст дар изҳорот.
"Яъне, тибқи ин созиши протоколӣ, муқаррароти посбонии сарҳад дар қаламрави мувофиқашуда амалӣ карда мешавад. Аз тарафи дигар, дар қитъаи ағбаи Карамик постгоҳи сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон бо инфрасохтори лозима таъсис дода шудааст. Ҷойгиршавии мазкур принсипи паритетро дар ҳифзи сарҳади давлатии ду давлати ҳамсоя то ба итмом расидани раванди делимитатсия, демаркатсия ва бақайдгирии ҳуқуқии он таъмин менамояд".
Гуфта мешавад, ки бо ҳадафи ҳарчи зудтар ба итмом расонидани раванди делимитатсия дар ин қисмат, пешниҳод карда шуд, ки ба гурӯҳҳои кории топографии Тарафҳо супориш дода шавад корҳоро дар тавсифи хатти гузаргоҳи сарҳади давлатӣ дар ин қисмат идома диҳанд",-таъкид мекунад дафтари матбуоти Неруҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон.
Минтақае, ки сари он баҳс меравад дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли пешин)-и Тоҷикистон мавқеият дорад.
Ҷониби Қирғизистон субҳи имрӯз Тоҷикистонро ба ҷобаҷо кардани континерҳои посбонҳо дар ҳудудҳои марзӣ муттаҳам кард.
"Ҷониби Тоҷикистон ҳамаи тавофуқоти ҳосилшудаи ҳайатҳои байниҳукуматии таъину аломатгузории марзи давлатии қаблиро нақз карда, 4 июн, тақрибан соати 03.00 ба ҷо ба ҷо кардани континерҳо дар минтақаи мушаххасношудаи марзӣ дар мавзеи Унжу-Булоқи ноҳияи Чон-Алайи вилояти Ӯш бо ворид шудани ба ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон то 1000 метр оғоз кард", -хабар додааст akipress.org бо истинод ба Хадамоти марзбонии Қирғизистон
Дар ҳамин ҳол, kaktus.media хабар медиҳад, ки раиси КДАМ Қирғизистон ба минтақаи ишорашуда барои танзими вазъ рафтааст. Дар ин сафар ҳамроҳ бо Тошиев, ҳамчунин намояндаи вижаи Девони вазирон дар масоили марзӣ Назирбеком Борубоев ва раиси Оҷонсии давлатии захираҳои замин Абдулат Мирзоев низ ҳастанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Норак Дэвид Кэмеронро бо чӣ мафтун кард?
Байни Тоҷикистону Италия 7 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Тавофуқи Тоҷикистону Ӯзбекистон доир ба гузариши транзитии мошинҳои боркаш бе рухсатнома
“Эҳтимоли хуруҷи беморӣ зиёд аст”. Кумитаи рушди сайёҳӣ аз ширкатҳои сайёҳӣ хост, ҷаҳонгардонро ба Саратоғ набаранд
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста