"Толибон" гуруҳк, ки Тоҷикистон онҳоро як гуруҳи террористӣ мешиносад, аз Тоҷикистону Қирғизистон даъват кардаанд, ки "мушкилатонро аз тариқи гуфтугӯ бо дарёфти роҳи маъқулу мантиқӣ ҳал кунед, ин ба хайри ҳар ду давлат аст". Дар баробари Тоҷикистон, Қирғизистон ҳам ин "Толибон"-ро як гуруҳи террористӣ медонад.
Ин паёми "Толибон"-ро Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи ин гурӯҳ, рӯзи шанбеи 5-уми июн дар саҳфаи "Твиттер"-аш навишт: "Иморати исломӣ (ин гуруҳ худро Иморати исломӣ медонанд) бар ҳар ду кишвари исломӣ ва бародар садо менамояд, ки талош кунед, мушкили худро аз роҳи гуфтугӯ ҳал намоед".
Паёми "Толибон" ба ду кишвари мусалмонии Осиёи Марказӣ барои бо гуфтушунид ҳал кардани мушкилашон дар ҳолест, ки ин гуруҳ бо вуҷуди имзои тавофуқномаи сулҳ бо ИМА ва розӣ шудан барои бо роҳи гуфтушунил ҳал кардани танишҳо бо ҳукумати Афғонистон, ҳанӯз ҳам бар амалҳои террористияш идома медиаҳд.
Аз ҷумла баъди эълони хуруҷи неруҳои ИМА аз Афғонистон ин гуруҳ ба хушунатҳо ва амалҳои террористӣ идома дод, ба гуфтаи мақомоти масъули давлати Афғонистон ин ҳаракатҳоро бештар карда, мехоҳад нишон бидиҳад, ки қудрати бештаре дорад.
Забеҳулло Муҳоҷид дар идомаи паёми "Толибон" овардааст, ки "мо беш аз ҳама таҷрибаи амалӣ дар мавриди зиёнҳои ҷангро дорем, оғози ҷанг шояд осон ба назар бирасад, аммо ҷараёни амалии ҷанг ва оқибатҳо ва зиёнҳои боқимонда аз он ба маротиб беш аз он аст, ки ҳар ду ҷиҳат дар сурати тахосум (хусумат) мутаҳаммил мешаванд".
Толибон дар идома гуфтаанд, "мо аз рӯи таҷрибаи худ аз мақомоти ҳар ду кишвар умедворем, ки манофеи дарозмуддат, оромиш ва амнияти миллатҳои худро дар назар гирифта, аз роҳи ҳамдигарфаҳмӣ ва гуфтугӯ, ҳалли маъқул ва мантиқӣ барои мушкилашон пайдо кунанд. Ин дар хайри ҳар ду кишвар ва ҳар ду миллат хоҳад буд".
Толибон пеш аз ин низ бо мавзеъгирӣ дар бораи муноқишаи Озарбойҷон ва Арманистон бар сари Қарабоғи Кӯҳӣ гуфта буданд, ки ин минтақа бар асоси қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид бахше аз хоки Озарбойҷон аст, аммо Арманистон ҳанӯз ба ишғоли ин минтақа идома медиҳад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста