Шаби гузашта сокинони минтақаҳои наздимарзии Қирғизистон ва Тоҷикистон ба сӯи якдигар санг андохтанд. Дар ин бора “Спутник Қирғизистон” бо такя ба Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар додааст.
Манбаъ гуфтааст, ки тақрибан соати 00:10 дар минтақаи Торт-Кочои Ботканд, дар чорроҳаи Ботканд-Исфара ва Исфара-Ворух, ду мошин бозистоданд, ки ҳомили тоҷикон буданду онҳо гуиё маст будаанд.
Неруҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон то кунун дар ин бора изҳори назар накардааст. Талошҳои "Азия-Плюс" барои таъйиди ин хабар дар ин ниҳод натиҷа надод.
Ба гуфтаи Хадамоти марзбонии қирғиз, тоҷикон ба сӯйи шаҳрвандони Қирғизистон, ки савори ду мошин дар роҳи Ботканд-Исфара буданд, санг андохтанд.
- Дере нагузашта, сокинони як деҳаи марзии Қирғизистон ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд ва онҳо низ ба сангандозӣ ба ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон шурӯъ карданд,-гуфтааст ин ниҳод.
Манбаъ менависад, ки бо мақсади пешгирии шиддат гирифтани низоъ, сарҳадбонон бо кормандони ВКД Қирғизистон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронданд, ки пас аз он сокинони маҳаллӣ пароканда шуданд.
- Сардорони шӯъбаҳои мақомоти дохилии ҳарду тараф ба нақша гирифтаанд, ки дар бораи андешидани чораҳо нисбати вайронкунандагони тартибот ҷаласа баргузор кунанд ", - омадааст дар иттилоия.
Гуфта мешавад, ки феълан вазъ дар минтақаи мазкур мӯътадил ва зери назорат аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста