Бино ба хабарҳои расида аз Кобул, қарор аст дар Давқаи Қатар ду нишаст барои сулҳ дар Афғонистон баргузор шавад. Шабакаи "Тулуънеюс" дар як хабари кӯтоҳ дар телеграми худ, бо такя ба манбаъҳояш дар Шӯрои олии мусолиҳаи Афғонистон хабар додааст, ки ин нишастҳо "муҳим" хоҳанд буд.
Бар асоси иттилои манбаъ, барои ширкат дар ин ду нишаст, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ва Сайид Содот Мансур Нодирӣ, вазири давлат дар умури сулҳи ин кишвар, шоми имрӯз ба Қатар мераванд.
Аммо манбаъ нагуфтааст, ки дар ин ду нишаст баҳсу баррасӣ бар сари чӣ сурат мегирад ва барномаи ин ду нишаст чист.
Баргузории ин ду нишаст дар ҳолест, ки нишасти дурӯзаи ҳайати баландпояи ҳукумати Афғонистон бо "Толибон" дар Қатар бо раҳбарии Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар се ҳафта пеш дар Давҳаи Қатар натиҷае надода буд.
Ин дар ҳолест, ки гуруҳи "Толибон" дар чанд рӯзи ахир ба шиддат пешравӣ карда, маркази се вилоят - Кундуз, Тахор ва Сарипулро тасарруф карда, ҷанг дар наздикии маркази чандин вилояти дигар ба шиддат ҷараён дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста