Гурӯҳи "Толибон" пешниҳоди эҷоди давлати муваққат дар Афғонистонро рад кардааст. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи ин гурӯҳ гуфтааст, ки "Толибон" пешниҳоди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои эҷоди як ҳукумати муваққат дар Афғонистонро намепазирад.
Дар ин бораи рӯзномаи "Иттилооти рӯз"-и чопи Кобул хабар медиҳад.
Ба навиштаи манбаъ, Муҷоҳид гуфтааст, ки "то кунун ин мавзуъ матраҳ нашудааст, аммо ба таври умуми мо давлати эътилофиро қабул надорем. Хостаи мо як тасмими асосӣ аст ва бояд онро пайдо кард. Ташкили давлати интиқолӣ барномаи мо нест".
Ин дар ҳолест, ки аз ин пештар бар асоси тарҳе, ки ИМА ба ҳукумати Кобул пешниҳод карда буд, ҳарф аз эҷоди як ҳукумати муваққат ё ҳукумати интиқолӣ мерафт, ки бояд дар он гуруҳи "Толибон" ҳам шомил мешуд. Акнун "Толибон" аз ин тарҳ даст кашидаанд.
Аз ин пештар, бархе таҳлилгарон ҳам гуфта буданд, ки "Толибон" бо тасарруф кардани вулусволӣ ва шаҳрҳо дар Афғонистон, акнун дар мизи музокирот шартҳои нав мегузоранд ва бозиро ба нафъи худ тағйир доданӣ мешаванд.
Сухангӯйи "Толибон" ҳамчунин гуфтааст, ки тасмими ин гурӯҳ барои тасарруфи Кобул, пас аз он гирифта мешавад, ки агар контрол бар дигар вилоятҳоро ба даст биоварад.
"Амалиёт ба гунае барномарезӣ шуда аст, ки лозим аст, ибтидо соири вилоятҳоро поксозӣ кунем ва сипас дар мавриди Кобул тасмимгирӣ кунем. Аммо то ҳанӯз тасмими ниҳоӣ дар мавриди Кобул гирифта нашудааст",-гуфтааст Забеҳуллоҳ Муҷоҳид.
"Толибон" то кунун маркази шаш вилоят: Кундуз, Нимрӯз, Ҷузҷон, Сарипул, Самангон ва Тахорро қисман ва пурра тасарруф кардаанд. Ҳоло ин гуруғҳ барои ғасби вилояти стратегии Балх чанд рӯзи ахир ҷангҳоро шиддат бахшидаанд.
Тасарруфи марказҳои вилоятҳо дар ҳолест, ки пас аз тасарруфи влусволиҳо, ин гуруҳ гуфта буд, ки ба шаҳрҳо ва марказҳои вилоятҳо ҳамла намекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Чӣ гуна метавон шаҳодатномаи ронандагии Тоҷикистонро ба шаҳодатномаи ронандагии Русия иваз кард?
“Иқдоми носанҷида”. Хадамоти алоқа аз ширкатҳои мобилӣ хост, нархи тарофаҳоро дубора боло набаранд
Visa дар бораи рушди технологияҳои рақамии пардохтӣ дар Тоҷикистон нақл кард
Байни Тоҷикистон ва Британияи Кабир созишнома дар бораи алоқаи ҳавоӣ имзо шуд
То охири сол дар Тоҷикистон пас аз таъмиру навсозӣ 5 роҳи мошингард ба истифода дода мешаванд
Эмомалӣ Раҳмон бо аввалин сафари расмӣ ба Италия ва Ватикан рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста