Аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ рӯзи 11 август чорабинии сӯзонида несту нобуд кардани маводи нашъадор доир гардид.

Тавре ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ин чорабинӣ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳузури намояндагони расонаҳои хабарӣ, мақомоти Прокуратура, Суд ва дигар ташкилоту идораҳои марбута зиёда аз як тонна навъҳои гуногуни ин бори марговарро тариқи сӯзонидан маҳву нобуд намуданд.

Гуфта мешавад, аз ҷумла 34 кг 390 гр героин, 214 кг 563 гр афюн, 605 кг 483 гр бангдона, 272 кг 504 гр ҳашиш ва дигар намуди моддаҳои нашъадор ба коми оташ рафтанд.Ҳамчунин 216 грамм воситаҳои нашъадори синтетикии “Амфетамин”, 1 кг 971гр -  “Метамфитамин”, қари 2кг - “Метадон” ва 1кг 127 гр - “Алпразолам” низ сӯзонида несту нобуд карда шуданд.

Ёдрас мешавад, ки маводи нашъадори сӯзонидашуда далелҳои шайъие буданд, ки аз гурӯҳҳои нашъаҷаллоб мусодира гардидаву нисбаташон ҳукми суд содир гардидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.