Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки собиқ президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ дарвоқеъ ҳам ба Тоҷикистон наомадааст.
Дар суҳбати кӯтоҳе бо “Азия-Плюс” ӯ изҳор намуд, ки бобати тариқи транзит ба Тоҷикистон омадани Ашраф Ғанӣ гуфтушуниду дархосте сурат нагирифтааст.
«Дар бораи макони будубоши президенти фирорӣ маълумоти дақиқ нест. Аммо, тибқи баъзе маълумот, ӯ мустақиман ба Уммон парвоз кардааст”, - гуфт сафири Афғонистон.
Қобили зикр аст, ки 15 август Саҷҷод Нуристонӣ, корманди идораи умури раёсатҷумҳурии ҳукумати Ашраф Ғанӣ ба "Азия-Плюс" хабар дода буд, ки президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ истеъфо дода, аз Кобул ба Тоҷикистон ва аз он ҷо ба кишвари сеюм рафтааст. Ба гуфтаи ӯ, бо Ашраф Ғанӣ, Ҳамдуллоҳ Муҳиб мушовири амнияти милии ӯ ва Фазлмаҳмуд Фазлӣ раиси идораи умур ё дастгоҳи иҷроияи Ғанӣ низ ҳамроҳ будаанд.
Нуристонӣ зикр кард, ки пас аз Тоҷикистон Ашраф Ғанӣ бояд ба кишвари сеюм равад, лекин ба кадом кишвар, ҳоло маълум нест.
Баъдан Радиои Озодӣ иттилоъ дод, ки Ашраф Ғанӣ пас аз таваққуфи начандон тӯлонӣ ба Уммон парвоз кардааст.
Ҳамчунин хабарҳое ҷой доштанд, ки Ашраф Ғанӣ бо ҳамсараш, сардори ситод ва мушовири масоили амнияти миллӣ ба Тошканд фирор кардааст. Мақомоти расмии Ӯзбекистон ин маълумотро на тасдиқ кардаанду на инкор.
Дар ҳамин ҳол, дар ин робита имрӯз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳороти кӯтоҳ, хабари ба Тоҷикистон омадани Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури собиқи Афғонистонро рад кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Дар Исфара бар асари сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасон зери об монданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста