Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармони даъвати шаҳрвандони соли таваллудашон 1994-2003 ва онҳое, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз хидмати ҳарбиро надоранд, ба имзо расонид. Дар ин бора, Хадамоти матбуотии президенти кишвар хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки моҳҳои октябр-ноябри соли 2021 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин мардони синну соли калонтар, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз хизмати ҳарбиро надоранд, барои адо намудани хизмати харбӣ даъват мешаванд.
Тавре манбаъ менависад, ҳамчунин хидматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хидмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои октябр-ноябри соли 2021 аз сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат дода мешаванд.
Ҳамин тавр, Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, раисони комиссияҳои даъватии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки бо назардошти хусусиятҳои хоси хизмат дар қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус мукаммалгардонии онҳоро бо иштироки мақомоти амният ва корҳои дохилӣ дар навбати аввал бо даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда амалӣ намоянд.
Ҳамзамон ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва комиссариатҳои ҳарбӣ дастур шудааст даъвати муташаккилонаи шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба роҳ монанд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муаззаф шудааст, барои муоинаи назоратии тиббии даъватшавандагон табибону мутахассисони ботаҷрибаро сафарбар намояд.
Ин аввалин даъвати аскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар баъди муайян шудани нархи пулакии хизмат аст. Рӯзи 20 январ палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон таҳрири нави қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ” мувофиқат кард.
Тибқи тағйиру иловаҳо, минбаъд шаҳрвандони синну соли даъватӣ метавонанд, бо супоридани маблағи муайян ва адо кардани хидмати якмоҳаи ҳарбӣ ба сафи эҳтиётии Қувваҳои Мусаллаҳ шомил гарданд.
Ҳамчунин, ба хатмкардагони макотиби олӣ низ акнун лозим меояд, ки дар артиш як сол хизмат кунанд. Хатмкунандагоне, ки як сол хизмат кардан намехоҳанд, низ бояд бо пардохти маблағ як моҳ хизмат кунанд.
Баъди баҳсу баррасии зиёд, моҳи август ҳукумати кишвар арзиши маблағи пардохт барои хидмати алтернативӣ (ҷойгузин) дар артиши кишварро муқаррар намуд. Ин маблағ ба 420 нишондиҳанда барои ҳисоб баробар аст. Як нишондиҳанда барои ҳисоб айни замон 60 сомониро ташкил медиҳад.
Акнун хоҳишмандон метавонанд муҳлати ду соли маъмулӣ дар артиш хидмат накарда, ба ивази он дар муддати 1 моҳ дар ҷамъомади ҳарбӣ иштирок кунанд. Барои ин ба давлат 25,2 ҳазор сомонӣ (2,2 ҳазор доллар) малағ пардохт кардан лозим аст.
Мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ (дедовшина) ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хизмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.
Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Ин аст, ки ҳамасола даҳҳо ҳолати бо зӯр ё “облава” бурдани ҷавонон ба артиш расонаӣ мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста