Сафорати ИМА дар Душанбе дар доираи кумак ба Тоҷикистон ба Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ баҳри мустаҳкам намудани марзҳои давлатӣ 20 автомашинаи навъи ҷип тақдим намуд.

Тавре ки дар сомонаи сафорати ИМА дар Душанбе зикр мегардад, мошинҳои дорои арзиши 1,4 млн доллар ба нерӯҳои таъиноти махсуси Вазорати дифоъ имкон медиҳанд, ки дар манотиқи душворгузари марз амалиёт анҷом диҳанд.

Сафири ИМА Ҷон Марк Поммершайм ва генерал-майор Хусрав Бобозода, муовини вазири мудофиа оид ба технология ва таъминот, 5 октябр дар маросими супурдани мошинҳои сабукрави бисёрҳадафа иштирок карданд.

“Ин кумаки хайрия як мисоли дастгириест, ки мо ба Тоҷикистон барои таъмини амнияти марзҳо мерасонем. Мо аз Тоҷикистон барои ҳамкории зич дар соҳаи амнияти марзҳо миннатдорем ва аз дастовардҳои муштараки худ ифтихор мекунем. Мо дар мубориза бар зидди терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва паҳншавии аслиҳаи ҳастаӣ шарик мемонем. Вақте ки мо якҷоя кор мекунем, қавитар мешавем”, изҳор дошт зимни суханронӣ дар маросим сафир Поммершайм.

Гуфта мешавад, Аз соли 1992 инҷониб Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 330 млн доллар кумаки низомӣ расонидааст. Ин кумак омӯзиш, таҷҳизот ва инфрасохторро дар бар мегирад.

Дар доираи ин кумак ба нерӯҳои амниятии Тоҷикистон ба маблағи умумии 10,5 млн доллар 358 мошин тақдим гардид. Ҳамчунин, ба беш аз 10 ҳазор низомӣ ва маъмурони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ усулҳои муассири муқобила ба таҳдидҳои террористӣ, қочоқи маводи мухаддир ва амалиёти махсус омӯзонида шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.