Нигарониҳои президенти Русия Владимир Путин, ки дар робита ба ҳузури ҷангиёни “Давлати исломӣ” (ДОИШ) садо доданд, асос надоранд. Чунин посух додааст ба изҳороти сарвари давлати Русия узви комиссияи Толибон дар масоили фарҳанг Амонулло Самангонӣ, овардааст гуфтаҳои ӯро шабакаи телевизионии TOLOnews.

Ба гуфтаи намояндаи Толибон, дар ҳеҷ кадоме аз қисматҳои Афғонистон аҳолӣ “Давлати исломӣ”-ро дастгирӣ намекунад, менависад Лента.ру.

Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта, 15 октябр Владимир Путин дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви ИДМ изҳор намуд, ки ҳудуди 2 ҳазор нафар ҷангиёни ДОИШ дар шимоли Афғонистон гирд омадаанд.

Ӯ изҳори нигаронӣ намуд, ки террористони қаблан дар Ироқу Сурия ҷангида айни замон ба Афғонистон роҳ пеш гирифтаанд.

Президенти Русия таъкид дошт, ки шумори онҳо дар Афғонистон ба зиёда аз 2 ҳазор нафар мерасад ва аксаран дар шимоли кишвар мустақаранд.

«Роҳбарони онҳо нақша доранд, ки нуфузи худро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва минтақаҳои Русия паҳн кунанд. Онҳо ба барангехтани муноқишаҳои қавмӣ ва бар асоси адовати динӣ ният доранд. Террористон саъй мекунанд, ки ба қаламрави Иттиҳод ворид шаванд, аз ҷумла зери ниқоби паноҳандагон”, - иброз дошт президенти Русия.

Ӯ аз кишварҳои ИДМ даъват кард, ки барои муқовимат ба ҷангҷӯён аз Афғонистон омода бошанд.

“Аз ин лиҳоз, муҳим аст, ки вазъро дар марзи Афғонистон пайваста зери назар гирифта, барои мубориза ба ҷангиён омода бошем ва барои ин ҳамоҳангсозии кори сохторҳои қудратӣ, дар ҳолати зарурӣ, гузаронидани амалиёти муштараки махсус зарур аст”, - гуфта буд Путин як рӯз пеш то нишаст, 14 октябр дар вохӯрӣ бо роҳбарони сохторҳои қудратии кишварҳои узви ИДМ.

Путин вазъият дар Афғонистонро пас аз хуруҷи неруҳои амрикоӣ мушкил хонда, зикр кардааст, ки бо амали гуруҳҳо аз ҳайтаи ДОИШ он танҳо душвортар шуда истодааст.

Путин ҳамчунин аз сарони кишварҳои узви ИДМ даъват намуд, ки барои ба расмият шинохтани Толибон шитоб накунанд:

"Мо набояд барои расман эътироф кардани Толибон шитоб кунем. Мефаҳмем, ки бо онҳо ҳамкорӣ кардан лозим аст, аммо набояд дар ин маврид шитоб кунем. Ин масъаларо баррасӣ ва машварат мегузаронем. Бо вуҷуди ин, мо бояд раванди мусолиматомез дар Афғонистонро дастгирӣ кунем ва талош варзем, ки вазъ дар ин кишвар ба эътидол ояд”.

Қаблан раиси КДАМ Тоҷикистон Саймумин Ятимов зимни вохӯрии онлайн бо роҳбарони хадамоти махсуси кишварҳои ИДМ ва президенти Русия Владимир Путин дар бораи вазъи марз бо Афғонистон маълумот дод.

“Мо бояд воқеан эътироф кунем, ки вазъ дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон хеле печида аст. Пас аз Покистон Тоҷикистон бо Афғонистон сарҳади тӯлонитар дорад - 1425 километр ва мо талошҳои зиёди афродеро эҳсос мекунем, ки мехоҳанд аз Афғонистон ба Тоҷикистон раванд”, - гуфт Ятимов.

«Шумораи гурезаҳо аллакай аз 15 ҳазор гузашта, ҳамарӯза 500-600 нафар мехоҳанд аз сарҳад гузаранд. Тақвияти талошҳои қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, муҳимоти ҷангӣ эҳсос мешавад”, - афзуд раиси КДАМ Тоҷикистон.

Ӯ изҳор дошт, ки “аз ин рӯ, Тоҷикистон воқеан бояд чунин мавқеъро ишғол кунад: 24 соат омодагӣ ва шабу рӯз кор кардан”.

Ба гуфтаи ӯ, вазъияти кунунӣ дар Афғонистон натанҳо ба амнияти Тоҷикистону кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки тамоми паҳнои пасошӯравӣ, бахусус минтақаҳои мусалмонишин хатари воқеӣ дорад.

"Бо истифода аз дини ислом ҳамчун асос, барои ноором кардани вазъ дар минтақаи мо талошҳои мушаххас эҳсос мешавад", - таъкид дошт Ятимов.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо -  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.