Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то ҳол шабакаи интернет дастнорас аст, ҳарчанд мақомот пас аз тавофуқҳои ҳосилшуда дар гуфтушунидҳо, ваъда доданд, ки алоқаро барқарор мекунанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Хоруғ.

“Баъди гуфтушунид ба мо ваъда доданд, ки алоқаи интернетро барқарор мекунанд, аммо як рӯз гузашту то ҳол интернет нест. Дирӯз ваъда доданд, ки имрӯз, 30 ноябр то соати 13:00 алоқа барқарор мешавад, аммо ин муддат ҳам гузашта, интернет нест. То ҳол касе чизеро шарҳ надодааст”, - мегӯяд манбаъ.

Ба гуфтаи манбаъ, онҳо нигаронанд, ки агар мақомот банди маъмулии қарордодро оид ба барқарор кардани интернет иҷро накунанд, пас шояд бандҳои дигар низ риоя нашаванд.

Сухангӯйи ҳукумати ВМКБ Ғолиб Ниятбеков ҳам соати 15.00 рӯзи 30-юми ноябр таъйид кард, ки то кунун дар вилоят интернет нест. 

Дар Хадамоти алоқа вазъро ба “Азия-Плюс” шарҳ надоданд. Муовини аввали роҳбари Хадамот Илҳомҷон Атоев дар гуфтугӯи телефонӣ аз шарҳи ин масъала худдорӣ кард.

Ёдрас мекунем, ки гирдиҳамоиҳо дар Хоруғ 25 ноябр пас аз кушта шудани сокини ноҳияи Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков оғоз гардиданд. Сокинони шаҳр дар куштори ӯ мақомоти ҳифзи тартиботро гунаҳкор дониста, ҷасади ӯро бо талаби тафтиши ҳодисаи марги ӯ ба майдони асосии Хоруғ оварданд.

Рӯзи 29 ноябр пас аз созишнома байни мақомот ва эътирозгарон гирдиҳамоии чоррӯза ба поён расид. Дар гуфтушунидҳо тасмим гирифта шуд, ки комиссияи иборат аз 44 фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсис дода шавад, ки онҳо ҷараёни тафтишотро пайгирӣ хоҳанд кард.

Дар мавриди ин ки ин шабу рӯзҳо дар Хоруғ чӣ гузашту мегузарад, дар сужаи мо бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.