Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон бо пахши як изҳороти расмӣ се ҳодисаи тирпарронии рӯзҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистонро шарҳ дода, гуфтааст, ки чунин амалҳои иғвоангезонаи шаҳрвандон ва марзбонони  Қирғизистон боиси шиддат гирифтани вазъ дар сарҳад мегарданд.

Дар ин изҳорот, ки дар АМИТ “Ховар” нашр шуд, гуфта мешавад, ки ҳар се ҳодиса рӯзи 22 декабри соли равон рух додааст.

Нерӯҳои марзбонӣ мегӯяд, ҳодисаи якум тахминан соати 13:50 дар мавзеи деҳаи Чашмаи ноҳияи Лахши Тоҷикистон рух дода, мақомоти тоҷик убури ғайриқонунии сарҳади давлатиро аз ҷониби 4 марзбонӣ мусаллаҳи Қирғизистон пешгирӣ ва сарҳадшиканонро боздошт намуданд.

- Зимни суҳбат ва тавзеҳ дар бораи убури ғайриқонунии марз ва ворид шудан ба қаламрави Тоҷикистон марзбонони қирғиз гуфтанд, ки ин амалҳоро тибқи дастури сардорони худ анҷом додаанд, -менависад ин ниҳод.

Нерӯҳои марзбонӣ мегӯяд, сарҳадбонони қирғиз ба Қирғизистон баргардонида шуданд.

“Бо “КАМАЗ” мехост марзбонони тоҷикро пахш кунад”

Ҷониби Тоҷикистон, ҳамчунин ҳодисаи аз ҷониби расонаҳои Қирғизистон бозтобшуда дар бораи он, ки гӯё сарҳадбонони тоҷик ба сӯйи мошини «КамАЗ»-и шаҳрванди Қирғизистон дар роҳи «Мақсат-Жаштык» тир холӣ кардаанд, шарҳ дода, навиштааст, ки ронанда баъди ғайриқонунӣ убур кардани сарҳади давлатии Тоҷикистон суръати мошинро баланд карда, хостааст марзбононро пахш кунад.

- Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда мошин боздошта шуд. Ҳангоми боздошт ронандаи мошин осеб надидааст,- менависад Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон.

Ин ниҳод, аз ҳодисаи дигар, ки шаби 22 декабр рух додааст, ёдовар шуда, менависад, ки шаҳрвандони Қирғизистон манзили сокини деҳаи Сомониёни шаҳри Исфараро тирборон кардаанд. Тир аз нуқтаи аҳолинишини Майскийи Кирғизистон паронда шуда, дар натиҷа тирезаҳои хонаи як шаҳрванди Тоҷикистон осеб дидаанд.

Ба ишораи ин ниҳод, аз рӯи ҳамаи ҳодисаҳо дар сатҳи намояндагони марзбонии ҷонибҳо мулоқотҳои корӣ баргузор мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 23 декабр сухангӯи шаҳрдории Исфара ба “Азия - Плюс” дар бораи ҳодисаи охире ки Нерӯҳои марзбонӣ шарҳ додааст, хабар дода, гуфта буд, ки он тақрибан соатҳои 22:00 шаби 22-23 декабр рух додааст.

Гуфта мешуд, ки марзбонони қирғиз ба хонаи сокини деҳаи Сомониёни шаҳри Исфара Муҳаммадҷон Довудов тир холӣ кардаанд.

Гуфта мешуд, ки дар пайи тирпаронӣ оинаҳои манзили истиқоматии ин сокини деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ шикаста, тир то ба хонаи хоб ва деворҳои дигари хона бархӯрдааст.

Ҳамчунин, як рӯз пеш расонаҳои қирғиз бо такя ба иттилои Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии кишварашон навиштанд, ки зуҳри 22-уми декабр се марзбони тоҷик ба сӯйи мошини «КамАЗ» дар роҳи «Мақсат-Жаштык» тир холӣ кардаанд. Он даъво доштанд, ки дар пайи тиркушоии марзбонони тоҷик Бектемир Муталиев, як ронандаи 47-солаи мошини обкаш захмӣ шудааст. Тавре маълум шуд, мақомоти Тоҷикистон дар робита ба ҳаводис шарҳи дигар доранд.

Қобили зикр аст, ки дар авохири моҳи апрели соли ҷорӣ дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ҳарду ҷониб 55 нафар кушта, ҳудуди 300 нафар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, даҳҳо манзил ва иншооти дигар тахриб шуд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Ҳамзамон 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мемонад. Ин ҳолат боиси баҳсу муноқишаҳои зиёд миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.