Шуъбаи мубориза бар зидди маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии (INL) Сафорати ИМА, дар ҳамкорӣ бо СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC), ифтитоҳи лоиҳаи навро оид ба «Таҳкими иқтидори Агентии назорати маводи нашъаовар дар Тоҷикистон» (АНМН) эълон менамояд.

Тавре ки сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар медиҳад, ин лоиҳа барои баланд бардоштани иқтидори шуъбаи махсус ва ташхисгоҳи криминалистӣ, инчунин дигар шуъбаҳо ва бахшҳои Агентӣ мусоидат хоҳад кард.  Лоиҳаи мазкур тайи 24 моҳи оянда бо харҷи 900 ҳазор доллари амрикоӣ амалӣ карда мешавад.

Гуфта мешавад, ҳадафи асосии ин лоиҳа баланд бардоштани иқтидори Агентӣ дар мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддири нав ва пайдошаванда мебошад.  Инчунин бо истифода аз усулҳои махсуси тафтишотӣ барои вокуниши муассир, ҳангоми ошкор, тафтиш ва таъқиби ҷиноят, мусоидат менамояд.

Зикр мегардад, ки Аз соли 2003 инҷониб, шуъбаи INL барномаҳои гуногуни Агентиро барои таҳкими иқтидори мақомоти ҳифзи ҳуқуқии минтақа, тавассути расонидани кӯмаки техникӣ ба ҳукумати Тоҷикистон ва Агентӣ маблағгузорӣ ва амалӣ менамояд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.