Муовини аввали раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Илҳомҷон Атоев аз кори шабакаи иҷтмоии “Facebook” интиқод карда гуфтааст, ки чунин сайтҳо маълумоти корбарони худро ҷамъ карда, ба созмони дигар барои таблиғ ё ҳадафҳои дигар мефурӯшанд.

Ӯ дар як мақолаи худ таҳти унвони “Facebook” дӯсти ман аст ё аз хирс?”, ки имрӯз, 31 март дар ҳафтаномаи “СССР” нашр шудааст, гуфтааст, “маълумоте ки дар Интернет эҷод ва паҳн мешавад, дар ниҳоят онҳо манбаи асосии монетизатсия ва эҳтимолан назорат аз болои Инетрнет мебошад”.

- Моликияти иттилооти рақами 1 мавзӯи мураккаб аст, зеро қоиди ягонае вуҷуд надорад, ки кӣ молик аст. Бо вуҷуди ин, мантиқист, ширкате, ки платформаи тавлиди маълумот дорад, ба монандаи “Фейсбук”, қонунан соҳиби ин маълумот аст. Қисми зиёди инфрасохтори интернет ба якчанд ширкатҳои бузурги телекоммуникатсионии байналмилалӣ тааллуқ дорад,- гуфтааст Илҳомҷон Атоев.

Номбурда, аз сол ба сол афзудани ҳаҷми қаллобӣ дар шабакаи Интернет нигаронӣ намуда, гуфтааст, ки маҳз дар замони панедмия “шумораи кӯшишҳои вайрон кардани системаҳои иттилоотӣ ва дуздии маълумоти рақамӣ ба таври назаррас афзоиш ёфтааст”.

Илҳомҷон Атоев мегӯяд, ба хотири пешгирӣ аз фаъолиятҳои террористӣ, экстримистӣ, ҳолатҳои барангехтани кинаю адоват, низоъи миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ, динӣ ва паст задани шаъну эътибори миллӣ бо истифода аз шабакаи интернетӣ, Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо КДАМ, ВКД ва дар асоси аризаҳои Додситолни кули Тоҷикистон бо ҳалномаи Додгоҳи олӣ миқдори зиёди вебсайтҳои интернетиро  дар ҳудуди Тоҷикистон қатъ (блок) намудаанд.

- Аз ҷумла дар сомонаҳои иҷтимоии “Фейсбук”, “Однокласник” ва дигар барномаҳои месенҷерӣ натиҷаи чунин фаъолият мавриди баррасию иҷро қарор дода шудааст, - навиштааст Илҳомҷон Атоев.

Интиқоди муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар ҳолест, ки чанде пеш “Роскомнадзор” фаъолияти “Facebook” – ро дар ҳудуди Русия маҳдуд кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.