Бар пайи ҳодисаи тирпаронии шоми 12-уми апрел дар нуқтаи марзии ҷамоати Хистеварзи Тоҷикистон ва деҳаи Борбодуки Қирғизистон, дирӯз, 13-уми апрел вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои қирғизияш Руслан Қазоқбоев суҳбати телефонӣ анҷом додааст. Дар ин бора телеграмканали Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ин суҳбат, вазири тоҷик амалкарди марзбонони қирғизро маҳкум карда, талаб кардааст, ки таҳқиқоти холисона гузаронида шавад ва гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, ки ҷонибҳо ҳодисаи 12-уми апрелро, ки дар пай қурбонӣ дошт, баррасӣ кардаанд.
"Дар ҷараёни суҳбат, ҳамчнин ду тараф дар мавриди масоили доғи ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон гуфтугузор карда, масъалаи омодагӣ ба нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ, ки 13-уми май дар Душанбе дар назар гирифта шуааст ва ҳамчунин вохурии вазирони хориҷии Осиёи Марказиро баррасӣ кардаанд",- омадааст дар ин хабарнома.
Вазирони ду кишвар тавофуқ кардаанд, ки бо ҳам тамосҳои доимӣ хоҳан дошт.
Бояд гуфт, ки бар пайи тирпаронӣ дар ин нуқтаи марзӣ, як сарбози 27-солаи тоҷик, Зоир Саидумаров кушта шуд. Дирӯз бар пайи он мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистон бо ҳузури раисиони вилоятҳои Суғду Бодканд ва фармондеҳони Неруҳои марзбонии ду кишвар ва масъулони дигари низомиву маҳаллӣ баргузор шуд, ки бар пайи он се протокол ба имзо расид. Аммо ҷузъиёти протоколҳо шарҳ дода нашудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар ҷашни Ваҳдати миллӣ тоҷикистониёнро чӣ гуна чорабиниҳо интизоранд?
Аз соли 2011 шаҳрвандони Тоҷикистон 9 раводиди ИМА-ро тариқи сармоягузорӣ гирифтаанд
Пешниҳод шуд, ки ба президент бори дуюм унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шавад
Боз 2 нафар дар дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шуданд
Аз оғози сол дар Тоҷикистон кадом маҳсулот арзону кадомаш қимат шуд?
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли тухм, гӯшти мурғу моҳӣ зиёд шуд. Хатлон пешсаф аст
Рустами Эмомалӣ бо сафири Чин ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷонибаро баррасӣ карданд
Як ширкати Дубай дар Тоҷикистон коргар меҷӯяд
Оғози бозиҳои КМВА ва «Хуҷанд» дар Ҷоми КФО-2022
Иштироки се ҷудокори тоҷик дар “Ulaanbaatar Grand Slam 2022”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста