Вазорати дифои Тоҷикистон дар рӯзи 20-уми даъвати баҳорӣ ба артиш аз иҷрои 50 дарсади нақшаи даъват ба артиш дар кишвар хабар медиҳад.
Маркази матбуотии вазорат бо пахши хабарномае навиштааст, ки нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Душанбе 60 дарсад, вилояти Хатлон беш аз 50 дарсад, вилояти Суғд ҳудуди 40 дарсад ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ тақрибан 60 дарсад иҷро шудааст.
Дар рӯзи аввали даъвати ҳарби ВМКБ нақшаи давъати баҳории ҳарбиро пурра иҷро намуда буд.
- Аз маҷмӯи умумии 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон то ин дам ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Носири Хусрав ва Фархор нақшаи даъватро ба итмом расонида, аз ноҳияҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад, ноҳияҳои Лахш, Нуробод, Рашт, Сангвор ва Тоҷикобод низ аз иҷрои нақша пурра гузориш доданд, - менависад Вазорати дифоъ.
Қаблан, дар рӯзи 10-уми даъвати ҳарбӣ вазорати дифоъ хабар дорда буд, ки нақшаи даъвати баҳории ҳарбӣ дар тамоми ҷумҳурӣ 40 дарсад иҷро шудааст
Иҷрои то 50 дарсади нақшаи даъвати ҳарбӣ дар ҳолест, ки тайи чанд рӯзи охир навори боздошти ҷавонон дар кӯчаву бозор ва фурудгоҳҳо пахш мешавад, ки ба гуфтаи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ “облава” ё ҷалби иҷбории ҷавонон ба артиш аст.
Мақомот ҳамеша ба набудани "облава" таъкид карда, мегӯянд, ҷавонони баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, пулис ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.
Масъалаи ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон яке аз мавзуъҳои доғ аст ва ҳамасола дар давраи даъват ба хидмат мавридҳои зиёди ҷалби иҷборӣ ҳам ба назар мерасад, ки дар миёни мардум бо номи "облава" маъруф шудаанд.
Дар Тоҷикистон соли 2020 ба қонун "Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ" тағйирот ворид шуд, ки тибқи он хизмати пулакии ҳарбӣ низ пешнбинӣ гардид. То ба ҳол беш аз 450 ҷавон бо супоридани пул хидмати ямоҳаи ҳарбиро адо намуданд.
Ба хизмат дар Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҳамасола тақрибан 15-16 ҳазор нафар даъват мешаванд. Тибқи маълумоти расмӣ, дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ умр ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо муҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати ҳарбӣ коршоям нестанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Дар ҷашни Ваҳдати миллӣ тоҷикистониёнро чӣ гуна чорабиниҳо интизоранд?
Аз соли 2011 шаҳрвандони Тоҷикистон 9 раводиди ИМА-ро тариқи сармоягузорӣ гирифтаанд
Пешниҳод шуд, ки ба президент бори дуюм унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шавад
Боз 2 нафар дар дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шуданд
Аз оғози сол дар Тоҷикистон кадом маҳсулот арзону кадомаш қимат шуд?
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли тухм, гӯшти мурғу моҳӣ зиёд шуд. Хатлон пешсаф аст
Рустами Эмомалӣ бо сафири Чин ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷонибаро баррасӣ карданд
Як ширкати Дубай дар Тоҷикистон коргар меҷӯяд
Оғози бозиҳои КМВА ва «Хуҷанд» дар Ҷоми КФО-2022
Иштироки се ҷудокори тоҷик дар “Ulaanbaatar Grand Slam 2022”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста