Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар пасманзари хабарҳои тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон гуфт, чанд тир тасодуфан ба ҳудуди Тоҷикистон гузаштаанд.
Иттилоияи расмии ин ниҳод, рӯзи 8 майи соли равон, як рӯз пас аз хабарҳо дар мавриди тирпаронӣ дар хабаргузории давлатии “Ховар” нашр шуд.
Мақомоти расмии Тоҷикистон гуфтанд, ки задухӯрд миёни ҷангҷӯёни гуруҳи ДОИШ ва “Толибон” дар ноҳияи Хоҷағори вилояти Тахори Афғонистон дар рӯзи 7-уми май ва дар рӯ ба рӯйи дидбонгоҳи сарҳадии рақами 12 дар ноҳияи Панҷ якуним соат идома кардааст.
«Минтақаҳои мазкур дар наздикии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, тирҳои болозикр тасодуфан ба ҳудуди кишвар гузаштаанд. Хисороти моливу ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст», - омадааст дар баёния.
Ин ниҳод гуфтааст, дар робита ба ин ҳодиса, неруҳои марзбонӣ ба ҳолати омодабошии пурраи ҷангӣ гузаронида шуда, ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон тамоми имконият ва тавоноии ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатиро доранд.
«Айни замон аз ҷониби сохторҳои марбутаи “Толибон” дар минтақаи Хоҷағори вилояти Тахор барои муайян ва безарар гардондани гурӯҳҳои террористӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда истодаанд», - омадааст дар хабарномаи Неруҳои марзбонии Тоҷикистон.
Вокуниши расмии ҷониби Тоҷикистон дар ҳолест, ки рӯзи 7-уми майи соли ҷорӣ баъзе аз расонаҳо ва бахши афғонии шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи ҳамлаи мушакӣ аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон хабар доданд.
Бо гузашти чанд соат аз ин хабарҳо ҷангҷӯёни гуруҳи террористии ДОИШ бо нашри як баёния масъулияти ҳамлаи мушакӣ ба хоки Тоҷикистонро бар уҳда гирифтаанд.
Неруҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон муътадил буда, он таҳти назорати марзбонони тоҷик қарор дорад.
Дар ҷашни Ваҳдати миллӣ тоҷикистониёнро чӣ гуна чорабиниҳо интизоранд?
Аз соли 2011 шаҳрвандони Тоҷикистон 9 раводиди ИМА-ро тариқи сармоягузорӣ гирифтаанд
Пешниҳод шуд, ки ба президент бори дуюм унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шавад
Боз 2 нафар дар дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шуданд
Аз оғози сол дар Тоҷикистон кадом маҳсулот арзону кадомаш қимат шуд?
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли тухм, гӯшти мурғу моҳӣ зиёд шуд. Хатлон пешсаф аст
Рустами Эмомалӣ бо сафири Чин ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷонибаро баррасӣ карданд
Як ширкати Дубай дар Тоҷикистон коргар меҷӯяд
Оғози бозиҳои КМВА ва «Хуҷанд» дар Ҷоми КФО-2022
Иштироки се ҷудокори тоҷик дар “Ulaanbaatar Grand Slam 2022”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста