«Азия-Плюс» маҷбур аст аз нашри хабарҳои марбут ба ҳаводисе, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рух медиҳанд, худдорӣ кунад.

Вазъ дар маркази маъмурии ВМКБ дигарбора ҳасос шудааст. Дирӯз, 16-уми май намояндагони мардуми маҳаллӣ талош доштанд дар эътирозҳои маркази Хоруғ ҷамъ шаванд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои ин кор монеъ шуданд. Дар натиҷа як кас кушта ва се нафари дигар захмӣ шуд. 

Мутаассифона, мо наметавонам ин ҳаводисро ба таври комил инъикос кунем, зеро ба мо хатари басташавӣ таҳдид мекунад. 

Қабл аз ин,  “Азия-Плюс” огоҳиномаи расмии Прокуратураи генералӣ ва огоҳиҳои ғайрирасмӣ аз ниҳодҳои дигарро дар мавриди он дарёфт карда буд, ки  идораи мо ҳаводиси ВМКБ-ро "якҷониба" инъикос мекунад ва "вазъи кишварро ноором месозад".

Ба «Азия-Плюс» дастур шуда буд, ки  "камбудиҳо бартараф карда шаванд", дар ғайри сурат  идораи моро хатари бастан таҳдид мекунад.

Бо дар назар гирифтани ин далел, идораи мо тасмим гирифт аз инъикос ва пӯшиши ҳаводис дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, худдорӣ кунад.

Аз ҳама хонандагони худ узр мехоҳем!

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.