Мушовири амниятии Ҳиндустон, Аҷет Дувол дар конфронси амниятии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Душанбе дар дидор бо ҳамтои эронияш  аз фаъолияти гуруҳҳои террористӣ дар Афғонистон изҳорӣ нигаронӣ кард, ки ба гуфтаи ӯ аллаҳи Ҳиндустон фаъол шудаанд. Дар ин бораи "Афғонистон интернейшнл" хабар медиҳад.

Нишасти амниятии котибони Шӯрои амнияти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Душанбе оғоз шуд ва имрӯз идома мекунад. 

Дувол дар мулоқот бо дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон Алии Шомхонӣ шакл нагирифтани ҳукумати фарогир дар Афғонистон бо ҳузури намояндагони гурӯҳҳои қавмӣ ва мазҳабиро аз ҷолишҳои калони ин кишвар донистааст.

Расонаҳои эронӣ хабар додаанд, ки мушовири амнияти Ҳинд гуфтааст, ки силлоҳое, ки аз неруҳои амрикоӣ дар дасти гуруҳҳои террористӣ дар Афғонистон боқӣ мондаанд, таҳдиде ба амнияти кишварҳои ҳамсояи ин давлат хоҳанд буд. 

Шомхонӣ ҳам гуфтааст, ки таҳаввулоти Афғонистон бояд дар дастури кори гуфтугӯҳои минтақаӣ бошад. Дабири Шӯрои амнияти Эрон ҳам бар ташкили ҳукумати фарогир таъкид кардааст ва гуфтааст, ки муҳоҷирати бисёри афғонҳо ба Эрон нишон медиҳад, ки ҳанӯз амнияти равонии лозим барои зиндагии одӣ дар ин кишвар эҷод нашудааст.

Дар ин нишасти Душанбе, котибони Шӯроҳои амниятии 8 кишвар: Русия, Чин, Эрон, Ҳиндустон,  Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат ва вазъи кунинии Афғонистон ва роҳҳои кӯмак ба ин кишварро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.

Даври қаблии ин нишасти амниятӣ бо меҳварияти Ҳинд дар Деҳлии Нав баргузор шуда буд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.