Душанбе. 10-уми июн. «Азия-Плюс» — | Рӯзҳои 8-9-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Табошари вилояти Суғд роҳбарон ва намояндагони 16 васоити ахбори умумии чопиву электронӣ, ташкилотҳои миллӣ ва байнулмилалии марбут ба ВАО ба хотири дастгирии журналисти ҳафтавори «Нури зиндагӣ» Маҳмадюсуф Исмоилов, ки мавриди тафтиши додгоҳӣ қарор дорад, аксияи ҳамраъйӣ доир карданд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) хабар доданд, дар доираи аксияи мазкур раиси Шӯро оид ба ВАО-и Тоҷикистон Зинатулло Исмоилов бо раиси додгоҳи шаҳри Табошар Саодат Атоева, ки дар мурофиа раисикунанда аст, мулоқот кард. «Ӯ зикр намуд, ки ВАО, ташкилотҳои рӯзноманигорӣ ва дифоъ аз ҳуқуқ ният доранд, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои айбдоршавандаро дар доираи қонун муҳофизат кунанд», - гуфтанд дар АМВАОМТ.

Раиси АМВАОМТ Нуриддин Қаршибоев дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки аксия ба хотири дастгирии Исмоилов бо мақсади дифоъ аз ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони кишвар, аз қабили ҳуқуқи озодонаи баёни фикру ақида, истифодаи васоити ахбори умум аз ҷониби онҳо ва рушди журналистикаи шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Ёдрас мекунем, ки дар додгоҳи ноҳияи Ашти вилояти Суғд рӯзи 31-уми май таҳти раисии додрас Саодат Атоева ҷаласаи нахустини мурофиаи додгоҳии рӯзноманигори нашрияи мустақили «Нури зиндагӣ» (Душанбе), сокини ноҳияи Ашт Маҳмадюсуф Исмоилов оғоз гардид.

Даъвогарон 12 нафар кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт мебошанд. Маҳмадюсуф Исмоилов шаш моҳ қабл ба ҳабс гирифта шуда, дар тавқифгоҳи муваққатӣ нигоҳ дошта мешуд. Ӯ тибқи чаҳор моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ дар тӯҳмат, таҳқир, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, ҳамчунин тамаъҷӯйӣ айбдор карда мешавад.

Сардабири нашрияи «Нури зинадагӣ» Ҷумъаи Мирзо мегӯяд, сабаби ба ҳабс гирифтани рӯзноманигор фаъолияти касбиаш аст. Ба гуфтаи ӯ, матолиби дар ҳафтаномаҳои «Нури зиндагӣ» ва «Истиқлол» чопшудаи Исмоилов вокунишҳои доманадореро ба бор овардаанд.

Қобили зикр аст, ки Маҳмадюсуф Исмоилов 50-сола буда, соҳиби се фарзанд аст. Номбурда бо дигар нашрияҳои ҷумҳуриявӣ низ ҳамкорӣ дошт.